ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДУШАНБЕ, 08.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ноҳияи Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли дарахтони ороишиву сояафкан ва мевадиҳанда дастрас гардида, қисме аз онҳо дар гулгашту хиёбонҳои маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон шинонида мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода дар маъракаи ниҳолшинонӣ иброз дошт, ки ин иқдом аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи сиёсати экологӣ, таъмини рушди иқтисоди «сабз», мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани газҳои гулхонаӣ ва таъмини саросарии амнияти экологии аҳолӣ сарчашма мегирад. Барои дуруст парвариш намудани ниҳолҳо ва истеҳсоли мевагиҳо, инчунин тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист аз партовҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон Барномаи «Мамлакати сабз»-ро барои солҳои 2023-2027 қабул намуд. Дар доираи ин барнома то охири соли 2027 дар ҳазорҳо гектар замин ниҳолу буттаҳо шинонида мешаванд. Барнома, ки барои солҳои 2023-2027 қабул шудааст, коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, гузариш ба иқтисодиёти «сабз», таъмини нигоҳдории устувори низоми табиӣ, васеъ намудани майдони ҷангалзор, боғу токзор, минтақаҳои сабз, ташкил ва васеъ намудани масоҳати минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва таъмини рушди устувор ва амнияти экологии аҳолиро дар бар мегирад.
Барнома дар ду давр амалӣ мешавад. Тибқи нақша, дар даври аввал, ки солҳои 2023-2025-ро дар бар мегирад, дар майдони беш аз 4 ҳазор гектар 65 миллион дарахту бутта шинонида мешавад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






