ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад

Апрель 23, 2024 14:23

ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 20 рӯзи ҷараёни даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ рафти иҷрои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 62 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода иттилоъ дод.

Таъкид шуд, ки дар ин радиф Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва зиёда аз 20 шаҳру навоҳии мамлакат аллакай аз ҷамъбасти ин чорабинӣ гузориш доданд.

Мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ натиҷаҳои иҷрои онро ба 66 фоиз баробар намуданд.

Дар вилояти Хатлон масъулини вобастаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ аз 1 то 20 апрел иҷрои нишондоди даъвату гусели ҷавонписаронро дар шаҳру навоҳӣ ба 76 фоиз расониданд. Зимнан, ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод, Носири Хусрав ва шаҳри Норак ин чорабиниро сад фоиз иҷро кардаанд.

Новобаста аз он ки даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ду моҳ идома меёбад, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ давоми 20 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ аллакай 47 фоизи нишондоди даъвату гусели ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба итмом расонидаанд.

Ба ҳамин тартиб, дар муддати 20 рӯз иҷрои нишондоди пешбинигардида дар шаҳри Душанбе 41 фоизро ташкил дода, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар чаҳор навоҳии пойтахт азм доранд, ки ин чорабинии муҳими сиёсиро пеш аз муҳлат ба анҷом расонанд.

Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» чорабиниҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз якуми апрел то охири моҳи майи соли 2024 дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона идома меёбанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 23, 2024 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд