Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт

Апрель 30, 2024 18:16

ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муовинони раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзуи «Истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» машғулияти такмили ихтисос оғоз гардид.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ иттилоъ доданд.

Дар ифтитоҳи машғулият иброз гардид, ки истифодаи самараноки замин дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши калидӣ дошта, замин манбаи маҳдудест, ки бояд моҳирона идора карда шавад. Яке аз ҷанбаҳои калидии истифодаи самараноки замин дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани технологияҳои муосири кишоварзӣ ва усулҳои кишоварзӣ мебошад. Он истифодаи системаҳои самараноки обёрӣ, татбиқи механизатсия ва автоматикунонии равандҳои коркарди хок, инчунин истифодаи нуриҳо ва муҳофизати растаниҳо барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулоти кишоварзиро дар бар мегирад.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои маҳдуди замин аст, бинобар ин барои таъмини худтаъминкунии озуқаворӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти ғизо ин захираҳоро моҳирона идора кардан зарур аст.

Бояд гуфт, ки машғулияти такмили ихтисос ба шунавандагон оид ба истифодаи беҳтар ва самараноки захираи замин донишҳои нави назариявӣ медиҳад.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 30, 2024 18:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид