Доир ба сохтмони ояндаи Маркази миллии бемориҳои сироятӣ ва таҳкими системаи тандурустӣ Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эксимбонки Ҷумҳурии Корея барои сохтмони ояндаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сироятӣ ва таҳкими системаи тандурустӣ» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ин вазорат хабар медиҳад.
Ёддошти ҳамкорӣ зимни ҷамъбасти брифинг, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо иштироки муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода ва миссияи Эксимбонки Ҷумҳурии Корея оид ба сохтмони ояндаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сироятӣ ва таҳкими системаи тандурустӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ба имзо расонида шуд.
Дар брифинг ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ва сохтмони ояндаи «Маркази миллии бемориҳои сироятӣ ва таҳкими системаи тандурустӣ»-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, дар ин самт маълумот доданд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади баррасӣ ва тасдиқи ҳаҷми лоиҳаи нақшаи генералии таъсиси системаи пешгирии бемориҳои сироятӣ миссияи Эксимбонки Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, инчунин бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат доир ба сохтмони ояндаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сироятӣ ва таҳкими системаи тандурустӣ» вохӯрӣ анҷом дод.
Бояд гуфт, ки пешгирии бемориҳои сироятӣ яке аз масъалаи афзалиятноки соҳа ба шумор рафта, таъсиси марказ ба самти пешгирии ин гуна бемориҳо, алалхусус бемориҳои ниҳоят хавфнок равона мегардад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст






