ДУШАНБЕ ДАР ОҒӮШИ ЛОЛАҲО. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз лолазори пойтахт
ДУШАНБЕ, 15.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷамъбаст гардида, рӯзҳои наздик даври ҷумҳуриявии он доир мешавад.
Ғолибони фестивал бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок менамоянд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.
Зоҳирҷони ТОИРЗОДА (АКС),
АМИТ «Ховар»