МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар соли нави таҳсил чун анъана бо занги нахустин оғоз меёбад, аммо дар паси ин занг масъулияти бузурге меистад: тарбияи инсон, омодасозии мутахассис ва бунёди фардои миллат. Аз ин рӯ, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ на бояд ҳамчун санаи тақвимӣ дар ҳаёти ҷомеаи мо пазируфта шавад, балки ин рӯзест, ки аҳаммияти дониш, мақоми омӯзгор, нақши мактаб ва масъулияти оилаву ҷомеаро дар назди насли наврас бори дигар таъкид менамояд.
— Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки 31 августи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз ҳамин дидгоҳ аҳаммияти хос дорад. Зеро дар он натиҷаҳои рушди соҳаи маориф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои марҳалаи нави рушди низоми таълиму тарбия низ муайян гардидаанд.
Бояд гуфт, ки суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҳамбастагии ду мафҳумро қавӣ мегардонад: дониш дар фазои сулҳу субот рушд мекунад ва сулҳу суботи пойдор ба ҷомеаи босаводу огоҳ, соҳибмаърифат ва масъулиятшинос такя менамояд.
Воқеан, байни маориф ва сулҳ робитаи амиқу ногусастанӣ вуҷуд дорад. Мактаб дар муҳити орому осоишта метавонад рисолати аслии худ, яъне, таълиму тарбияи насли наврас ва омода намудани инсонро барои зиндагии шоиста ба таври комил иҷро намояд. Аз ҷониби дигар, ҷомеаи донишманду соҳибмаърифат беҳтар дарк мекунад, ки сулҳ чӣ арзиши бузург аст ва инсон барои ҳифзу таҳкими он чӣ масъулияте бар дӯш дорад. Бинобар ин, Пешвои миллат бо таъкид ба аҳаммияти сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ чунин иброз медоранд: «Сулҳу ваҳдат омили муҳимтарини пояндагии давлату миллат мебошанд». Ин таъкид дар шароити имрӯза аҳаммияти хос дорад, зеро суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа на танҳо шарти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, балки заминаи асосии пешрафти илму маориф низ мебошад. Аз ин рӯ, тарбияи насли наврас дар руҳияи сулҳдӯстӣ, таҳаммулгароӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бояд аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ бошад. Мактаб ба хонанда на танҳо хондану навиштан ва донишҳои фаннӣ, балки фарҳанги муколама, эҳтироми андешаи дигарон, таҳаммулпазирӣ ва масъулият дар назди ҷомеаро низ меомӯзонад.
Дар меҳвари асосии суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам андешаи муҳиму воқеӣ он аст, ки ояндаи Тоҷикистонро инсонҳои донишманд, соҳибкасб, соҳибмаърифат, ватандӯст ва дорои тафаккури созанда муайян мекунанд.
Дар шароити босуръат тағйирёбандаи ҷаҳони муосир танҳо доштани захираҳои табиӣ барои таъмини пешрафти давлатҳо кофӣ нест. Қудрати воқеии кишварҳо аз сатҳи рушди инсон, дониш, малака ва қобилияти эҷодии шаҳрвандон бештар вобастагӣ дорад. Пешвои миллат ин воқеиятро ба таври возеҳ таҳлилу баррасӣ намуда, таъкид менамоянд, ки «соҳиби илму дониш будан, махсусан дар замони мо, ки марҳалаи рушду такомули бесобиқаи техникаву технологияҳо ва густариши зеҳни сунъӣ маҳсуб мешавад, аҳаммияти зиёд пайдо кардааст. Дар чунин шароит на танҳо захираҳои табиӣ, балки инсонҳои донишманд, ҷавонони соҳибмаърифат ва кадрҳои баландихтисос сарвати асосии давлатҳо ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, хеле муҳим аст, ки насли наврасу ҷавони мо ба омӯзиши илму дониш таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта бошад, мунтазам омӯзад ва дар ин замина ба эҷодкориву навоварӣ машғул шавад».
Ин таъкиди Пешвои миллат ба як воқеияти муҳими замони мо ишора мекунад: ҷаҳони имрӯз бо суръате дигаргун мешавад, ки донишҳои имрӯза пагоҳ метавонанд кӯҳна шаванд. Касбе, ки имрӯз талаботи бозори меҳнат аст, шояд баъди чанд сол дигаргун шавад ва дар баробари ин, касбҳои нав ба вуҷуд оянд. Пас, вазифаи мактаб танҳо додани маҷмуи муайяни донишҳо нест, балки мактаб бояд дар кӯдак қобилияти омӯзиши пайваста, андешаи мустақилона, ҷустуҷӯ, таҳлил ва эҷодкориро ташаккул диҳад. Маҳз ҳамин аст моҳияти мактаби асри XXI.
Дар суханронии Пешвои миллат яке аз масъалаҳои муҳим, ки моҳияти сиёсати давлатро дар соҳаи маориф ба таври равшану возеҳ ифода мекунад, чунин аст: «Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намудааст. Зеро мо хуб дарк мекунем, ки сармоягузорӣ ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон – сармоягузорӣ ба ояндаи миллат ва давлат аст». Ба назари инҷониб, ин андешаи Роҳбари давлат муносибати стратегиро ба соҳаи маориф ифода мекунад, зеро ҳар маблағе, ки имрӯз барои сохтмони мактаб, рушди китобхона, озмоишгоҳ, омодасозии омӯзгор, таҳияи китоби дарсӣ ё амалӣ намудани технологияҳои муосир сарф мешавад, дар асл барои рушди инсон сарф мешавад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маориф маблағҳои назаррас равона гардидаанд. Тибқи маълумоти дар суханронӣ овардашуда, дар кишвар 4135 бинои муассисаи таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Ин рақамҳо аз раванди бузурги бунёдкорӣ шаҳодат медиҳанд, аммо имрӯз масъала танҳо сохтани мактаб нест, муҳим он аст, ки мактабҳои наву замонавӣ бо кадом мазмун фаъолият менамоянд. Мактаби муосир бояд макони дониш, маърифат ва ташаккули андеша бошад; бояд кӯдакро барои зиндагӣ дар ҷаҳоне омода созад, ки рақобат дар он рӯз ба рӯз меафзояд.
Агар марҳалаи муайяни рушди маориф ба бунёди инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити таҳсил равона шуда бошад, имрӯз дар назди низоми маориф вазифаи хеле муҳим- баланд бардоштани сифати таълиму тарбия меистад. Бинобар ин, Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки «мо бояд ҳамқадами замон бошем, омӯзишу истифодаи технологияҳои муосирро дар сатҳи баланд ба роҳ монем ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки танҳо дар заминаи маорифи фаъолу фарогир ва пешрав метавонем дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи шоиста пайдо намоем».
Ин андешаҳо бояд ҳамчун меъёри арзёбии фаъолият дар тамоми зинаҳои таҳсилот пазируфта шаванд, яъне, сифати таҳсил танҳо бо баҳои хонанда муайян нагардад. Саволи асосӣ ин аст, ки хонанда баъди хатми мактаб чӣ медонад, чӣ кор карда метавонад ва то кадом андоза қобилияти мустақилона фикр карданро дорад? Аз ин нуқтаи назар, таъкид ба такмили маҳорати касбии омӯзгорон, истифодаи усулҳои пешқадами таълим, таҳияи китобҳои дарсии насли нав ва муҷаҳҳаз намудани синфхонаву озмоишгоҳҳо ниҳоят муҳим мебошад.
Ҳар қадар техника пеш равад, ҳар қадар зеҳни сунъӣ тавоно шавад, нақши омӯзгор аз байн намеравад, баръакс, дар муҳити пур аз иттилоот мақоми омӯзгор ҳамчун роҳнамо боз ҳам муҳимтар мегардад. Аз ин рӯ, омӯзгор дар баробари он ки бояд фанни худро хуб донад, тавонад хонандаро ба донишандӯзӣ ҳавасманд созад, дар ӯ қобилияти таҳлил ва муносибати интиқодӣ ба иттилоотро ташаккул диҳад. Дар суханронии Пешвои миллат ба ҳамин масъулияти бузург ишора шуда, таъкид мегардад, ки «дар кори ниҳоят муҳимму ояндасози таълиму тарбия, албатта, боз ҳам омӯзгорон масъулияти бештар доранд». Ин масъулиятро метавон дар се самт баррасӣ кард: омӯзгор бояд дониш диҳад, шахсият тарбия кунад ва ба ҳаёти воқеӣ омода созад.
Ҳар табиб, муҳандис, омӯзгор, иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос, барномасоз ва дигар мутахассисе, ки имрӯз дар ҷомеа фаъолият мекунад, замоне шогирди омӯзгор буд. Аз ин рӯ натиҷа ва сифати кори омӯзгор дар асл ба тамоми ҷомеа таъсир мерасонад.
Яке аз навовариҳои муҳимми суханронии Пешвои миллат таваҷҷуҳи махсус ба зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосир мебошад. Имрӯз кӯдак метавонад дар чанд сония ба миқдори бузурги иттилоот дастрасӣ пайдо кунад, аммо дастрасӣ ба иттилоот ҳанӯз маънои соҳибмаърифат буданро надорад. Масъалаи асосӣ он аст, ки аз иттилоот чӣ гуна истифода бояд бурд. Бинобар ин, дар суханронӣ ба таври возеҳ таъкид мешавад, ки «зарар ё фоидаи технологияҳои нав аз он вобаста аст, ки мо онҳоро чӣ гуна истифода мебарем».
Ин андеша дар замони густариши босуръати зеҳни сунъӣ аҳаммияти махсус дорад. Зеҳни сунъӣ метавонад барои омӯзиш, таҳқиқ, эҷод ва ҳалли масъалаҳои мураккаб имконоти бузург фароҳам созад. Аммо агар кӯдак ба ҷои андешидан ҳамеша ҷавоби омодаро ҷустуҷӯ кунад, технология метавонад баръакс, қобилияти мустақилона фикр кардани ӯро заиф созад. Аз ин рӯ, вазифаи маориф дар муқобили технология набуда, балки омӯзонидани фарҳанги дурусти истифодаи технология мебошад.
Масъалаи истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз ҳамин дидгоҳ аҳаммият дорад. Дар суханронӣ нигаронӣ аз истифодаи беназорат ва зиёди телефонҳои ҳушманд баён шуда, таъкид мешавад, ки ин раванд метавонад ба таҳсил ва рушди кӯдакону наврасон таъсири манфӣ расонад. Роҳи ҳалли масъала танҳо маҳдуд кардани дастрасӣ ба телефон нест, муҳимтар аз ҳама, ташаккули фарҳанги иттилоотӣ мебошад. Ҷавони имрӯз бояд донад, ки интернет танҳо барои тамошои навор ва гузаронидани вақти холӣ нест. Он метавонад донишгоҳ, китобхона, озмоишгоҳ ва майдони бузурги омӯзиш бошад. Дар ин маврид Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки ҷавонон бояд интернетро барои «илму донишандӯзӣ» истифода кунанд, вақти худро ба мутолиаи китоб равона созанд ва дар таъмини амнияти иттилоотиву мафкуравии ҷомеа саҳм гузоранд. Ин вазифа танҳо ба мактаб дахл надошта, оила низ бояд фарҳанги истифодаи технологияро ба кӯдак омӯзонад.
Масъалаи дигаре, ки дар суханронӣ бо ҷиддият матраҳ шуд, омодасозии кадрҳои воқеан соҳибкасб мебошад. Андешаи Пешвои миллат дар мавриди он ки «ба мо, пеш аз ҳама, мутахассис зарур аст, на ҷавоне, ки танҳо соҳиби диплом аст», муҳимтарин қисмати суханронӣ мебошад. Ин андеша ба масъалаи муҳимми низоми таҳсил ишора мекунад: арзиши таҳсил на дар диплом, балки дар дониш ва малакаи воқеии хатмкунанда ифода меёбад. Донишгоҳ бояд инсонеро омода кунад, ки баъди хатми он метавонад масъаларо ҳал кунад, технологияро истифода барад, навоварӣ кунад ва дар касби худ рақобатпазир бошад. Аз ин рӯ, робитаи муассисаҳои таълимӣ бо бозори меҳнат аҳаммияти бештар пайдо мекунад.
Интихоби касб барои ҷавон интихоби одии як ихтисос нест, балки интихоби касб дар бисёр ҳолатҳо интихоби роҳи зиндагист. Бинобар ин, дар суханронӣ таъкид мешавад, ки инсон бояд дар интихоби касб хато накунад. Мушкил дар он аст, ки баъзан ҷавонон касбро на бар асоси қобилияту истеъдод, балки зери таъсири мӯд, тақлид ва тавсияи дигарон интихоб мекунанд. Аз ин рӯ, дар суханронии Пешвои миллат зарурати ташаккули фарҳанги интихоби касб ва муайян намудани қобилияту лаёқати кӯдакону наврасон ба миён гузошта шудааст. Ин равиш метавонад яке аз самтҳои муҳимми ислоҳоти минбаъдаи маориф гардад. Яъне, кӯдак бояд тадриҷан дарк кунад, ки чӣ истеъдод дорад, чӣ корро дӯст медорад ва кадом касб ба қобилияти ӯ мувофиқ аст.
Дар замони рушди босуръати иқтисоди миллӣ ва тағйирёбии пайвастаи бозори меҳнат касбомӯзӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа табдил ёфтааст. Имрӯз пешрафти саноат, энергетика, сохтмон, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, хизматрасонӣ ва бахусус, технологияҳои рақамӣ ба кадрҳои соҳибкасб, соҳибҳунар ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ниёз дорад. Рушди ҳар яке аз ин соҳаҳо бе мутахассисони донишманду дорои малакаҳои амалӣ тасаввурнопазир аст.
Дар чунин шароит касбу ҳунар танҳо воситаи пайдо кардани шуғл нест, балки аз заминаҳои муҳимми худшиносӣ, мустақилияти иҷтимоӣ ва мавқеи устувори инсон дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таъкиди Пешвои миллат, «касбу ҳунар доштан соҳиби сарвати бебаҳо будан аст» маънии амиқи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ касб мекунад.
Воқеан, сарвати инсон на ҳамеша дар дороии моддӣ ифода меёбад. Дониш, касб, ҳунар ва малакаҳое, ки шахс бо заҳмати худ ба даст меорад, сармояи воқеие мебошанд, ки метавонанд тамоми умр ба ӯ хизмат кунанд. Ин сармояро касе аз инсон гирифта наметавонад; баръакс, бо таҷриба ва меҳнат он пайваста такмил меёбад ва арзишаш бештар мегардад.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки муносибати ҷомеа ба касбу ҳунар боз ҳам ҷиддитар гардад. Ҷавонон бояд интихоби касбро танҳо ҳамчун интихоби роҳи ба даст овардани маош не, балки ҳамчун интихоби роҳи зиндагӣ ва муайян кардани ҷойгоҳи худ дар ҷомеа дарк намоянд. Касби мувофиқ ба инсон имконият медиҳад, ки истеъдоду қобилияти худро ошкор созад, ба неруи созанда табдил ёбад ва дар зиндагӣ ба ҳадафҳои хеш бирасад.
Дар суханронӣ ба масъалаи тарбия низ таваҷҷуҳи махсус дода шудааст, аз ҷумла таъкид мегардад, ки «тарбияи ахлоқӣ бояд аз оила оғоз шуда, дар муассисаҳои таълимӣ пайваста идома ёбад». Ин мавқеъ масъулияти тарбияро миёни оила ва мактаб тақсим намекунад, балки онҳоро ба ҳам мепайвандад. Оила муҳити аввалини ташаккули шахсият аст. Мактаб ин равандро идома медиҳад ва ба он мазмуни иҷтимоӣ мебахшад. Аз ин рӯ, натиҷаи тарбия дар он ҳолат самарабахш мегардад, ки падару модар ва омӯзгорон дар муносибат ба кӯдак мавқеи ягона дошта бошанд.
Дар маркази тамоми масъалаҳое, ки дар суханронӣ матраҳ шудаанд, инсон қарор дорад ва махсусан, дар меҳвари таваҷҷуҳ ҷавонон ҳамчун неруи созандаву пешбарандаи ҷомеа қарор гирифтаанд. Ҷавонони донишманду соҳибмаърифат, соҳибкасбу соҳибҳунар ва дорои ҷаҳонбинии васеъ метавонанд бо дониш, истеъдод ва ташаббусҳои созанда иқтисодиёт, илм, технология ва дигар соҳаҳои ҳаёти кишварро ба марҳалаи нави рушд расонанд. Зеро маҳз сатҳи маърифат, касбият ва масъулиятшиносии ҷавонон яке аз омилҳои муҳими муайянкунандаи фардои давлат ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат бо итминон таъкид менамоянд, ки «ҷавонони донишманду соҳибмаърифат, соҳибкасбу соҳибҳунар ва ватандӯсту созандаи мо фардо ба неруи пешбарандаи иқтисоди миллӣ табдил хоҳанд ёфт». Ин эътимоди давлату ҷомеа ба ҷавонон дар баробари ифтихор масъулияти бузургро низ ба миён мегузорад.
Ҳар соати омӯзиш, ҳар саҳифаи китобе, ки хонда мешавад, ҳар ҳунаре, ки азхуд карда мешавад ва ҳар қадами созанда дар асл саҳмгузорӣ ба фардои шукуфоии кишвар аст. Аз ин рӯ, ҷавони имрӯз бояд худро на танҳо соҳиби имконият, балки соҳиби масъулияти бузург дар назди ояндаи миллат эҳсос намояд, зеро фардои давлат аз имрӯз оғоз мешавад ва чеҳраи он аз сатҳи дониш, касбият, ҷаҳонбинӣ ва ватандӯстии ҷавонони имрӯза вобаста аст.
Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ на танҳо муроҷиат ба хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорон, балки паёме ба тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад. Дар он дастовардҳо эътироф гардида, ҳамзамон масъалаҳои ҳалталаб рӯйи кор оварда шудаанд: баланд бардоштани сифати таҳсил, такмили маҳорати омӯзгорон, беҳтар намудани муҳтавои китобҳои дарсӣ, рушди таҳсилоти касбӣ, истифодаи дурусти технологияҳо, ташаккули фарҳанги интихоби касб ва тақвияти тарбияи ахлоқиву ватандӯстӣ.
Аҳамияти таърихии суханронӣ дар он аст, ки маориф ҳамчун масъалаи як соҳа не, балки дар доираи масъалаи ояндаи давлат ва миллат арзёбӣ мешавад. Имрӯз барои Тоҷикистон дар радифи сохтани мактабу шароити таҳсил вазифаи асосӣ сохтани мактаби дорои муҳтавои қавӣ, омӯзгори босалоҳият ва хонандаи дорои тафаккури муосир мебошад, зеро мактаби имрӯз мутахассиси фардоро тарбия менамояд, мутахассиси фардо иқтисоди кишварро пеш мебарад, иқтисоди пешрафта зиндагии мардумро беҳтар мекунад ва дар ниҳоят, ҳамин занҷири пайваста фардои давлатро месозад.
Паёми муҳимтарини Рӯзи дониш ҳамин аст, ки агар мехоҳем Тоҷикистони фардо қавӣ, пешрафта ва рақобатпазир бошад, бояд имрӯз ба дониш, маориф, омӯзгор ва насли ҷавон бештар сармоягузорӣ намоем. Тавре ки дар суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, «миллате, ки ҷавононаш дониш меомӯзанд, касбу ҳунар азхуд мекунанд, ба арзишҳои миллӣ эҳтиром мегузоранд ва ҳастии худро бо сарнавишти Ватан пайванд медиҳанд, дар роҳи пешрафт ва созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад».
Занги аввали соли таҳсил садо дод ва акнун навбати мост, ки онро ба занги дониш, масъулият ва созандагӣ табдил диҳем.
Сафармо ИМОМЗОДА,
досенти филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем






