РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 35 сол барои таърихи давлат ва миллат шояд фосилаи чандон тӯлонӣ набошад, аммо барои Тоҷикистон ин давра марҳилаи муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин муддат мамлакат роҳи пурпечутоби барқарории сулҳу субот, таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоиро тай намуд. Дар баробари дигар соҳаҳо кишоварзӣ низ чун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиёт муҳим арзёбӣ мешавад.
– Имрӯз натиҷаи ин равандро дар тамоми минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Тоҷикобод метавон мушоҳида намуд. Ин ноҳия яке аз минтақаҳои муҳими кишоварзии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, рушди соҳаи аграрӣ дар он ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ
Дар соҳаи кишоварзии ноҳияи Тоҷикобод беш аз 1591 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, аз ҷумла 20 хоҷагии ҷамъиятӣ фаъолият доранд. Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, фароҳам овардани озодии интихоби зироати кишоварзӣ барои хоҷагиҳои деҳқонӣ, васеъ намудани кишти такрорӣ ва истифодаи самараноки замин заминаи рушди истеҳсолоти аграриро тақвият бахшидааст. Ҳамзамон саҳми бахши хусусӣ дар рушди соҳа афзоиш ёфта, имконияти истеҳсолии хоҷагиҳои деҳқонӣ бештар гардидааст.
Дар натиҷаи татбиқи пайвастаи барномаҳои давлатӣ соли 2025 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ба 326 миллиону 206 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 1991 беш аз 27,9 маротиба зиёд мебошад.
Аз ҷумла, дар бахши растанипарварӣ ҳаҷми истеҳсолот ба 168 миллиону 507 ҳазор сомонӣ расида, нисбат ба соли 1991 тақрибан 24,8 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар бахши чорводорӣ ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда ба 160 миллиону 705 ҳазор сомонӣ баробар гардида, нисбат ба соли 1991 32,1 маротиба зиёд шудааст.
Ин нишондиҳандаҳо аз афзоиши иқтидори истеҳсолии соҳа, истифодаи самараноки замин, татбиқи усулҳои муосири агротехникӣ ва таваҷҷуҳи бештар ба рушди истеҳсолоти кишоварзӣ шаҳодат медиҳанд.
Афзоиши майдони кишт ва истеҳсоли зироат
Соли 2025 майдони умумии кишти зироати кишоварзӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ба 6663 гектар расонида шуд. Аз ин шумора 1378 гектар ба кишти ғалладонагиҳо рост меояд. Гандум ва ҷав дар сохтори кишти ғалладонагӣ мавқеи асосӣ дошта, истеҳсоли онҳо барои таъмини бозори дохилӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ аҳамияти муҳим дорад.
Соли 2026 дар 2106 гектар картошка кишт карда шуд. Майдони кишти сабзавот 146 гектарро ташкил дода, дар он пиёз, помидор, бодиринг, сабзӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ парвариш карда мешавад.
Бо мақсади рушди чорводорӣ ва таҳкими заминаи хӯроки чорво дар 2257 гектар зироати хӯроки чорво кишт гардид.
Тибқи нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 3228 тонна расида, нисбат ба соли 1991 2074 тонна ё 24 маротиба зиёд шудааст. Истеҳсоли картошка ба 29 ҳазору 884 тонна расида, нисбат ба соли 1991 18 ҳазору 947 тонна афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми истеҳсоли сабзавот 6761 тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли 1991 6352 тонна ё 18,2 маротиба зиёд мебошад.
Боғдорӣ – самти муҳими рушди кишоварзӣ
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи боғдорӣ низ дар ноҳияи Тоҷикобод рушди назаррас пайдо карда, ба яке аз самтҳои муҳими иқтисоди аграрии ноҳия табдил ёфтааст.
Бо истифодаи самараноки замин, бунёди боғҳои нав ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири агротехникӣ ҳаҷми истеҳсоли мева ба 7877 тонна расонида шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991 7619 тонна ё 30,5 маротиба зиёд мебошад.
Рушди боғдорӣ дар баробари афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд гардидани даромади аҳолии деҳот ва беҳтар шудани вазъи иқтисодии хоҷагиҳои кишоварзӣ мусоидат мекунад.
Таваҷҷуҳ ба парвариши навъҳои серҳосил ва ба шароити иқлимӣ мутобиқшуда низ имкон фароҳам овардааст, ки сифати маҳсулот беҳтар ва ҳосилнокии боғҳо баланд гардад. Тибқи маълумоти оморӣ масоҳати умумии боғҳо дар ноҳия 1698 гектар ташкил дода, аз он 1097 гектар ҳосилдиҳанда мебошад. Дар мавсими имсола хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии ноҳия 10 гектар боғу токзори кӯҳнаро барқарор намудаанд.
Барои нигоҳдорӣ ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия 4 сардхона бо иқтидори умумии ғунҷоиши 145 тонна фаъолият доранд.
Афзоиши ҳосилнокии зироат
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳосилнокии зироати асосии кишоварзӣ низ дар ноҳия ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Аз ҷумла, ҳосилнокии ғалладонагиҳо нисбат ба соли 1991 27,7 маротиба, картошка 27,3 маротиба ва сабзавот 16,5 маротиба зиёд шудааст. Ин раванд натиҷаи истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, татбиқи усулҳои пешрафтаи агротехникӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва васеъ намудани кишти такрорӣ мебошад.
Рушди чорводорӣ ва парандапарварӣ
Дар баробари растанипарварӣ соҳаи чорводорӣ низ дар ноҳияи Тоҷикобод рушд намуда, ба яке аз бахшҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ табдил ёфтааст. Саршумори чорвои калони шохдор ба 22 ҳазору 614 сар расида, нисбат ба соли 1991 1,9 маротиба зиёд шудааст. Саршумори гӯсфанду буз ба 88 ҳазору 466 сар расида, 3,1 маротиба афзоиш ёфтааст.
Шумораи парандаҳо ба 58 ҳазору 978 сар расидааст, ки нисбат ба соли 1991 12,7 маротиба зиёд мебошад.
Дар натиҷаи рушди соҳа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ низ афзоиш ёфтааст. Истеҳсоли гӯшт аз 843 тоннаи соли 1991 ба 2329 тонна, шир аз 4315 тонна ба 12 ҳазору 350 тонна, пашм аз 37 тонна ба 135 тонна ва асал аз 5 тонна ба 92 тонна расидааст.
Занбӯриасалпарварӣ – самти сердаромади соҳа
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ занбӯриасалпарварӣ низ дар ноҳия рушд карда, барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти табиӣ ва баланд бардоштани даромади аҳолии деҳот замина фароҳам овардааст.
Дар айни замон шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 7691 адад расида, ҳаҷми истеҳсоли асал 125 тонна мебошад. Аз ҳар оилаи занбӯри асал ба ҳисоби миёна 16,2 килограмм асал ба даст оварда мешавад.
Илова бар аҳамияти иқтисодӣ рушди занбӯриасалпарварӣ дар гардолудшавии зироати кишоварзӣ ва баланд гардидани ҳосилнокии онҳо низ нақши муҳим дорад.
Натиҷаҳои соҳаи кишоварзии ноҳия
Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Тоҷикобод ба 90 миллиону 196 ҳазор сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 2 миллиону 158 ҳазор сомонӣ ё 102,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ба ҳолати 1 июли соли 2026 дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар 4684 гектар кишти тирамоҳӣ ва баҳории зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки 105,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 майдони кишт 228 гектар зиёд шудааст.
Ба ҳолати 1 июли соли равон дар шаклҳои хоҷагидории ноҳия 972 тонна гӯшт, 6502 тонна шир, 1 миллиону 451 ҳазор дона тухм ва 103 тонна пашм истеҳсол шудааст.
Натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки дар ноҳияи Тоҷикобод барои рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ ва чорводорӣ, инчунин таҳкими заминаи моддию техникии соҳа тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Дар маҷмуъ афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, тавсеаи майдонҳои кишт, рушди боғдорӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки кишоварзӣ дар иқтисоди ноҳияи Тоҷикобод мавқеи муҳим дорад. Он ҳамчун яке аз омилҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди иқтисоди деҳот ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ хизмат менамояд.
Қадриддин ФАҚЕРЗОДА,
Раиси ноҳияи Тоҷикобод
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар Ҳисор маркази забономӯзӣ, муассисаҳои таълимӣ ва нуқтаҳои тиббию дандонпизишкӣ ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Федератсияи Русия барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
Соли 2026 дар вилояти Хатлон беш аз 200 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»






