ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият арзишмандтарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худшинос буда, таъриху тамаддуни хешро медонаду бо он ифтихор мекунад. Арзиши истиқлолу озодии Ватан барои мо, тоҷикон, махсусан азиз ва муқаддас аст. Соҳибистиқлолӣ неъмати бебаҳоест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид. Саҳифаҳои таърихи сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ ҷонфидоиҳо ва талошу заҳмати мардуми тоҷикро бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои наҷоти давлату миллат, суботи сиёсӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, созандагиву ободкорӣ, рушди устувори иқтисодӣ, эҳёи расму ойини миллӣ ва эътирофу эҳтироми байналмилалӣ дар бар мегиранд.
– Соҳибистиқлолӣ барои мо имкони мусоид фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. 35 соли соҳибистиқлолӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандӯстӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлоли комили сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, таҳкими меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳаёти озодонаи ҳар фард ва санаи олитарини дараҷаи бахту саодати воқеии миллат мебошад.
Истиқлоли давлатӣ барои кишвари мо зоҳиран ба осонӣ ба даст омад, вале раванди соҳибистиқлолӣ пурфарозу нишеб ва саросар аз муборизаву ҷоннисорӣ аст. Дар натиҷаи равандҳои амиқи таърихии дохилӣ ва ҷаҳонӣ дар оғози солҳои 80-уми асри XX буҳрони сохтории низоми сиёсӣ ва иҷтимоии Иттиҳоди Шуравӣ возеҳ шуд ва дар даврони бозсозӣ ба авҷи худ расид. Дар ин росто, барои миллати тоҷик яке аз намунаи барҷастаи худшиносӣ ҷиҳати ҳамгироии миллӣ ва таҳкими истиқлоли фарҳангӣ ин 22 июли соли 1989 ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ буд. Забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ дар таҳкими худшиносии шаҳрвандон ва рушди фазои ягонаи фарҳангӣ нақши муҳим дошта, қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи сиёсати забонӣ, рушди таълими забони давлатӣ ва васеъ гардидани истифодаи он дар идоракунии давлатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳанги миллӣ ба шумор меравад.
Дар ибтидои солҳои 90-ум яке аз омилҳои асоситарин ва бунёдии шикасти низоми сиёсӣ ва давлатии Шуравӣ раванди нисбатан босуръати рушди худшиносӣ ва худогоҳии халқу миллатҳо буд, ки дар минтақаҳои гуногун дар сатҳи мухталиф идома дошт. Трансфотматсияи ҷамъиятӣ (пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ) барои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ҳодисаи ғайричашмдошт буд ва дар ин замина (азбайнравии низоми пешинаи сиёсӣ, тағйироти бузурги геосиёсӣ дар фазои пасошуравӣ, канда шудани муносибатҳои занҷиравӣ, ки пештар дар дохили як кишвар ба амал меомаданд) барои ҷумҳуриҳои тозаистиқлол масъалаҳои фароҳамсозии заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии устувории давлатдориро ба миён гузошт. Дар ин ҷода интихоби роҳи бунёди низоми нави давлатдорӣ бисёр муҳим аст.
Дар робита ба далелу рақамҳои мавҷуда доираҳои муайяни баъзе давлатҳо андешаи ба сари миллати мо таҳмил кардани идеологияи бегонаро доштанд. Боқимонда нақшаҳои тақсим ва таҷзия намудани кишвари азизи моро кашида, бо ҳамдастии баъзе афроди қудратхоҳу хиёнатпеша ҳатто ба татбиқи онҳо кӯшиш намуда буданд. Дар баробари дигар омилҳо душманони миллат бо таъсири қувваҳои берунӣ, бештар бо истифода аз эътиқоди динии шаҳрвандон (тибқи таҳлили коршиносон, таассубу хурофот ва истифода аз эътиқодҳои динӣ дар чанд марҳилаи таърихӣ сабаби аз байнравии сулолаҳои давлатдории тоҷикон гардидааст) тавонистанд мардумро ба сангарҳо ҷудо намоянд. Иттиҳоди Шуравӣ, ки идеологияи пӯшида дошт ва ба ягон дин афзалият намедод, иҷрои рукнҳои диниро, аз ҷумла барои пайравони дини мубини ислом маҳдуд намуда буд. Баъди таҳаввулоти ҷамъиятӣ ин маҳдудияти динӣ аз байн рафт. Дар аксар ҷумҳуриҳои собиқи Шуравӣ иттиҳоду ҷиноҳҳои зиёде пайдо гардиданд, ки бештар ба шуури динии шаҳрвандон такя менамуданд. Дар кишвари мо низ чунин гурӯҳ ва ҳизбҳо пайдо шуданд, ки ҳадафҳои сиёсии худро зери парчами дини мубини ислом ба роҳ мемонданд. Ин гурӯҳҳо аслан аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ мегардиданд.
Дар кишварҳои аксари аҳолиашон мусалмон истифода аз эътиқод ва сатҳи баланди таассуби динӣ омили муҳим ҷиҳати ҷудоиандозӣ ва бесарусомонӣ ва татбиқи ҳадафҳои ғаразнок маҳсуб мешавад. Дар баробари дигар омилҳо фарҳанги нокифояи сиёсӣ ва сатҳи баланди таассубу хурофоти динии баъзе афроди ҷомеа яке аз сабабҳои аслии ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо мебошад. Инчунин дар ин давра ҳизбу ҳаракатҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва клубҳои сиёсие, ки дар фазои сиёсии кишвар арзи ҳастӣ намуданд, манфиатҳои минтақавӣ ва динию мазҳабиро низ пайгирӣ мекарданд. Дар умум, баробари хисороти ҷонию молии хеле зиёд ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рушду пешрафти кишвари моро якчанд даҳсола ба қафо партофт.
Дар таърихи навини тоҷикон нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моҳи ноябри соли 1992) муҳим ва тақдирсоз арзёбӣ мегардад. Арзишмандтарин дастоварди Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ- ин аз ҷониби вакилон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ ба шумор меравад. Чунки аз аввалин суханрониҳои ин шахсияти бузурги таърихӣ ( аз ҷумла “Ман ба шумо сулҳ меорам”, “Ман ҷонибдори давлати демократӣ ва дунявӣ ҳастам”) умед ба ояндаи неки миллату давлат дар дили мардуми кишвар шуълавар гардид.
Миёни шахсиятҳои машҳури сатҳи ҷаҳонӣ шахсиятҳои сиёсӣ (субъекти сиёсӣ, роҳбар ё пешвои сиёсӣ) мақоми хосса доранд. Онҳо бо корнамоиҳояшон давлату миллатро аз вартаи нестшавӣ наҷот дода, ба истиқлолу озодӣ мерасонанд. Пойдории давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, боло рафтани обрӯ ва мақому манзалати кишвар дар арсаи байналмилалӣ маҳз натиҷаи талошу ҷонфидоӣ, шарофати ақлу хирад ва кӯшишу ғайрати Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Таҷриба нишон дод, ки воқеан интихоби низоми (демокративу дунявӣ) давлатдории навини тоҷикон аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи татбиқи ормонҳои миллӣ ва расидан ба саодати халқу миллат аст.
Бо шарофати ин Абармард хатари ба қисмҳо ҷудо шудану аз байн рафтани давлати тоҷикон ва пароканда гаштани миллати тоҷик аз ҷониби мардуми кишвар дарк гардид ва роҳ ба сӯйи ваҳдати умумимиллӣ боз шуда, омили муҳимтарини ҳифз ва таҳкими истиқлол гардид. Бо шарофати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз баракати сулҳу субот кишвар марҳилаи душвортарини таърихи худро паси сар намуда, мақомот ва сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз марказ то маҳал барқарор гардида, дар муддати кӯтоҳ зиёда аз як миллион нафар гурезаҳо ба ҷойи зисти доимӣ баргаштанд ва обод кардани харобаҳои ҷанг оғоз шуд. Албатта, давраи гузариш мушкилоти худро дорад. Интихоби низоми нави давлатдорӣ, таъсиси институтҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташаккули ҳувияти давлатӣ, ташкили заминаи боэътимоди ҳуқуқии давлат ва идеологияи давлатӣ, ба роҳ мондани модели нави рушди иқтисодӣ ва ғайра аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими давраи гузариш буданд.
Тавассути раъйпурсии умумихалқӣ дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъд аз Федератсияи Русия дар Тоҷикистон дуюмин шуда, аввалин Конститутсияи мардумӣ қабул карда шуд. Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ қабул ва парламенти касбӣ таъсис дода шуд. Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот ба роҳ монда шуда, Артиши миллӣ таъсис ёфт. Натиҷаи минбаъдаи мусбат ва созандаи сулҳу оромӣ рушди бомароми иқтисодӣ, тадриҷан боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, густариш ва тақвияти сохторҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва падидаҳои дигари бунёдкорӣ мебошанд. Муҳимтар аз ҳама, бо шарофати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари хами миллат боло гардида, дар кишвари азизамон амнияту суботи устувор таъмин шуда, руҳияи боварӣ ба ояндаи нек, ифтихор аз Ватани орому осуда ва дорои мақоми шоиста дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвият ёфт. Бо бунёди иншооти азими гидроэнергетикӣ, коммуникатсионӣ ва густариши ислоҳот дар ҳама соҳаҳои ҳаёт истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ ва рушди саноати миллӣ тадриҷан таъмин гардида, кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт. Робитаи мустақим бо шоҳроҳҳои бузурги байналмилалӣ ва бандарҳои обии ҷаҳон ба роҳ монда шуд.
Вусъат бахшидани ислоҳот дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва такмили низоми идоракунии давлат, тарбияи кадрҳои баландихтисос, соҳибмаърифат ва дорои ҷаҳонбинии васеъ идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад. Бо шарофати раъиятпарварии Пешвои миллат ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, кумаку ғамхорӣ нисбат ба собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону бепарасторон, маъюбону эҳтиёҷмандон ва оилаҳои камбизоат минбаъд яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон эътироф ва иқдомоти хеле зиёд амалӣ гардид. Дар давраи соҳибистиқлолӣ аслан давлату Ҳукумат қадамҳои устувори худро дар самти рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва зина ба зина беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум аз солҳои 2000-ум то ба имрӯз гузошт. Даҳ соли аввали соҳибистиқлолии кишвар сарфи хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезаҳо, барқарор намудани рукнҳои давлатдорӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳ гардид.
Рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ дар байни ҷумҳуриҳо ба мисли занҷира таъмин мешуд. Истеҳсолоти саноатӣ вобаста ба мавҷудияти ашёи хом ва бозори меҳнат ба роҳ монда мешуд. Бо соҳибихтиёр гардидани ҷумҳуриҳо ин занҷираҳо канда шуд. Ҳар давлатро зарур омад, ки роҳи ҳалли мушкилоти худро ҷустуҷӯ намуда, рушди иқтисодиро вобаста ба имконияти мавҷуда таъмин намояд.
Бар замми мушкилоти хоси давраи гузариш дар Тоҷикистони тозаистиқлол ғайричашмдошт оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга зад. Ҷанги шаҳрвандӣ вазъи норасоии қувваи барқ, номувозинатии бозори меҳнат ва ҳолати танқисӣ аз маводи хӯрокворӣ дар кишварро якбора бадтар намуд. Аксарияти корхонаҳои саноатӣ бо нарасидани ашёи хом аз кор монда, номувозинатии бозори меҳнат ба миён омад. Дар баробари яъсу ноумедӣ ва мушкилот кишвари моро хатари ба қисматҳо ҷудо шудан ва азбайнравии давлати тозаистиқлоли тоҷикон таҳдид менамуд.
Дар асри XXI “рушди устувор” асоси рӯзномаи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ ва татбиқи ислоҳоти бунёдӣ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ба рушди мутавозини иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат намуданд. Бо шарофати сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ба роҳ мондани ислоҳоти пай дар пай пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба миён омад. Дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои судманд аз соли 1997 на танҳо таназзули иқтисодиёт боздошта шуд, балки барои рушди муназзам ва устувори он заминаи боэътимод фароҳам омада, афзоиши тадриҷии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардид.
Инкишофи бонизоми иқтисодиёти мамлакат ба мо имкон дод, ки дар ҳалли масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба пешрафти назаррас ноил гардем. Сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83 фоизи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба 19,5 фоиз коҳиш дода шуд. Тавассути қонунгузорӣ фазои мусоид барои рушди соҳаи соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ фароҳам оварда шуд. Ҷалбу нигоҳ доштани сармоя дар кишвар нишонаи баланди фарҳанги миллӣ маҳсуб шуда, фазои мусоиди сармоягузорӣ, бахусус суботи сиёсӣ ва кафолати давлатӣ барои ҳама гуна сармоягузориҳо муҳайё гардид. Дар соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар ҳарсола миллиардҳо сомонӣ сармояи мустақими хориҷию дохилӣ ҷалб гардида истодааст. Воридоти баъзе маҳсулоти саноатӣ (аз ҷумла семент) пурра аз байн бурда шуд. Дар доираи таъмини амнияти озуқаворӣ истеҳсоли гӯшту тухми паранда тадриҷан зиёд гардида, бо зиёд гардидани сохтмони ин навъи корхонаҳо дар солҳои наздик воридоти маҳсулотӣ гӯшти мурғ ва тухм сол ба сол коҳиш ёфта истодааст. Дар ин раванд саҳми соҳаи соҳибкорӣ дар афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва ба шуғл фаро гирифтани шаҳрвандон назаррас аст.
Бо ба истифода додани роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ва пулу нақбҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳадафи стратегии миллии мо — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ таъмин гардид. Ин ҳадафи стратегӣ барои таъмини рушди боустувори иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Илова бар ин, мардуми кишвар бо ифтихор аз таҷлили сазовори солгарди соҳибистиқлолӣ дар фазои иттиҳоду сарҷаъмӣ ҳазорҳо километр роҳҳои дорои хусусияти маҳаллиро таъмиру навсозӣ намуда истодаанд.
Амнияти озуқаворӣ ва бо ғизои хушсифат таъмин намудани аҳолӣ яке аз масоили калидӣ дар сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумат ба шумор меравад. Бо назардошти зиёда аз 93 фоиз кӯҳсор будани ҳудуди кишвар азхуд намудани заминҳои нав, беҳтар намудани ҳолати мелиоративиии заминҳо, обёрӣ намудани заминҳои лалмӣ ва аз як замин гирифтани ду-се ҳосил пайваста дар паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва зимни сафарҳои Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъкид мегардад. Дар соли фарогирии пандемияи COVID -19 ин ҳадафи миллии мо ҳатто дар арсаи ҷаҳон муҳимият пайдо намуд. Дар ин давра ҳар як кишвар кӯшиш менамуд, ки сараввал шаҳрвандони худро бо маводи мавриди ниёзи аввал таъмин намояд. Содироти маҳсулоти озуқаворӣ аз ҷониби бисёр кишварҳо маҳдуд карда шуд. Иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ки тавассути мубодилаи молу коло, саёҳати дохилию берунӣ, рафтуомади ҳавоию заминӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, муҳоҷирати меҳнатии дохилию хориҷӣ байни кишварҳо таъмин карда мешавад, бо зуҳури пандемияи COVID -19 коҳиш ёфт. Танҳо дар соли 2020 Маҷмуи маҳсулоти ҷаҳонӣ зиёда аз 5 фоиз кам гардид. Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонашавандаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз таъсири ин зуҳурот, албатта берун буда наметавонад.
Бо зина ба зина амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (СМР-2030) сатҳи таъмини иҷтимоии мардум рӯз ба рӯз беҳтар гардида истодааст. Таҳияи СМР-2030 (соли 2016), ки дар асоси Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид ба роҳ монда шуда, тавассути принсипҳои превентивӣ (тадбирҷӯӣ, коҳишдиҳии осебпазирии рушди оянда), индустриалӣ (баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ) ва инноватсионӣ (рушд дар асоси навовариҳо дар ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар) амалӣ карда мешавад.
Танҳо дар панҷ соли охир ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ бунёду таъсиси зиёда аз сӣ ҳазор иншооти аксар таъйиноти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин радиф сохтмони иншооти соҳаи илму маориф (муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбию махсус ва олӣ) ва тандурустӣ ҷиҳати рушди сармояи инсонӣ нақши муҳим доранд. Дастрасӣ ба таълим (беҳтар кардани сифатнокии таълим) яке аз нишонаҳои аслии рушди сармояи инсонї аст, ки дар сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумат мавқеи калидӣ дорад.
Дар паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ низ ҳамасола ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир гардида, бо зина ба зина амалӣ шудани нақшаю барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияву ҳадафҳои миллӣ Тоҷикистон то соли 2030 (бо назардошти тибқи СМР-2030 аҳолии кишвар ба зиёда аз 11,5 миллион нафар афзоиш ёфта, дарозумрии аҳолӣ ба 82,2 сол мерасад) ба давлати дорои иқтисодиёти рушдкарда табдил ёфта, ҳиссаи аҳолии табақаи миёна дар кишвар ба зиёда аз 50 фоиз расонида мешавад. Барои ба роҳ мондани чунин афзалият институтҳои ҳамоҳангсоз, мақомоти идоракунии давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ҷомеаи соҳибкорӣ ва шаҳрвандӣ нақши муҳим доранд. Фаъолияти ниҳодҳои мазкур дар низоми миллии баҳодиҳӣ ва ояндабинии рушд, муайян намудани вазифаҳои кӯтоҳмуҳлат ва дарозмуҳлат ва мутаносибан нақшаҳои татбиқи онҳо асос меёбад. Ба зиммаи насли имрӯзи Ватан иҷрои рисолати бузурги таърихӣ — бунёд ва таҳкими давлати мустақили Тоҷикистон афтод. Ҳоло вазифаи ҳамаи мост, ки ин рисолатро ба таври шоиста анҷом диҳем.
Соҳибистиқлолӣ масъулият аст. Масъулияти ҳар фарди ватандӯсту худшинос. Ҳимояи манфиатҳои миллӣ, эҳёи расму ойин ва ҳифзу ҳимояи онҳо, тақвияти ҳисси худшиносию худогоҳии насли наврасу ҷавон, рушди сармояи инсонӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии ҷомеа ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ заҳмату талошҳои пайвастаи ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ба ору номуси кишварро тақозо менамояд.
Моҳияти соҳибистиқлолиро шарҳ дода, Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла чунин фармуданд: «Истиқлолият шараф ва номуси ҳар миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад.
Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад».
Истиқлоли давлатиро «рамзи саодати миллат» номидани Пешвои миллат ҳикмати афзун дорад. Дар робита ба ин, бо шарофати Пешвои саодатофар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷику тоҷикистониён саодатманданд. Мо бояд беш аз пеш арҷ гузорем, ки ин иқдомоти созандаро Пешвои миллат ба хотири истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ — ин неъмати бебаҳо ва гавҳари пурарзиши ҳастии халқамон анҷом дода истодаанд. Саодат дар маънои луғавӣ ба маънои хушбахтӣ, некбахтӣ, комёбӣ, бахту иқбол ва зиндагии хушу осуда меояд. Аммо «саодати мардум» аз хушбахтии як шахс фаротар буда, ҳолатест, ки ҷомеа, дар маҷмуъ, аз сулҳу субот, амният, адолат, пешрафт ва шароити муносиб барои зиндагӣ бархӯрдор аст. Мафҳуми «саодати мардум», пеш аз ҳама, бо зиндагии орому осуда, таъмини ҳуқуқу озодиҳо, дастрасӣ ба маорифу тандурустӣ ва шароити муносиб барои зиндагӣ пайванд дорад. Истиқлолияти давлатӣ сарчашмаи худшиносӣ, давлатсозӣ, сулҳу субот ва пешрафти миллӣ мебошад. Саодати мардум низ маҳз дар фазои истиқлол, сулҳ, ваҳдат ва созандагӣ маънои воқеии худро пайдо мекунад.
Ба ибораи дигар, саодати мардум маҷмуи шароити моддӣ ва маънавиест, ки ба инсон имкон медиҳанд дар фазои сулҳу оромӣ, озодӣ ва амният зиндагӣ карда, барои беҳтар намудани ҳаёти худ ва ҷомеа имконият дошта бошад. Ҳеҷ ҷомеае бе сулҳу оромӣ ба саодати воқеӣ расида наметавонад. Мардуме, ки дар фазои осоишта зиндагӣ мекунад, метавонад фарзандонашро тарбия намояд, соҳиби касбу ҳунар шавад, меҳнат кунад, соҳибкорӣ намояд ва барои ояндаи худ нақша созад. Аз ин рӯ, сулҳ заминаи аввалини саодати мардум ба шумор меравад. Аз ҷониби дигар, саодат бо сатҳи зиндагии мардум робитаи мустақим дорад. Аз ин нуқтаи назар, саодати мардум танҳо эҳсоси хушбахтӣ набуда, ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Саодати мардумро наметавон танҳо бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ муайян кард, зеро он арзиши моддӣ ва маънавӣ дорад. Муҳим он аст, ки саодат танҳо дар сатҳи зиндагӣ ифода намеёбад. Забон, фарҳанг, таърих, анъана ва ҳувияти миллӣ низ ҷузъи муҳими ҳаёти маънавии мардуманд. Миллате, ки забон, фарҳанг ва таърихи худро ҳифз мекунад, дар баробари рушди иқтисодӣ сарвати маънавии худро низ нигоҳ медорад.
Истиқлоли давлатии мо решаи қадимаву устувори маънавӣ дорад. Тоҷикон аз азал бо арзишҳои инсондӯстонаву муносибати хайрхоҳона ва меҳнати бунёдкорона шуҳрат ёфтаанд ва бисёр анъанаву суннатҳои неки онҳо ба хазинаи маънавии умумибашарӣ ворид шудаанд. Давлатдории миллии тоҷикон пайванди таърихӣ дошта, давлатҳои Пешдодиён, Каёниён, Ҳахоманишиён, Сосониён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғуриён ва дигар сулолаҳои давлатдории тоҷикон заминаи худшиносии миллӣ ва андешаи соҳибдавлатиро ташкил медиҳад. Ҳар сол зимни ҷашни соҳибистиқлолӣ мо ба гузаштаи на чандон дур назар надохта, бори дигар роҳи тайкардаи худ, бурдубохти хешро бояд таҳлил созем ва барои оянда хулоса барорем. Ба таъбири Пешвои миллат, «мо аз умқи таърих набояд хокистар, балки шуъла бардорем. Таърих сабақомӯз аст ва ягон халқу миллат бе арҷ гузоштан ба гузаштаи хеш ба қадри истиқлолият ва ойини давлатдориаш расида наметавонад».
Баъд аз пошхӯрии давлати миллии тоҷикон- Сомониён ва Ғуриён (солҳои 999 — 1215) гарчанде тоҷикон арзишҳои миллии худро ҳифз ва пойдор нигоҳ доштанд, муддати зиёди таърихӣ (қариб нуҳсад сол) аз ҳокимият ва истиқлоли сиёсӣ бенасиб буданд. Ба хотири дарки сарчашмаи хатоҳо ва ҳақиқати таърих ин нуқтаро мо бояд донем. Дар иртибот ба ин масъала бояд эътироф кард, ки солҳои соҳибистиқлолӣ дар тафаккури халқи тоҷик дигаргуниҳои дар ҳақиқат инқилобие ба вуҷуд омаданд, ки бо давраҳои таърихии сипаригашта муқоисанашаванда мебошанд. Имрӯз ҳама сокинони мамлакат, сарфи назар аз мансубияти милливу эътиқоди динӣ ба ҳамин ақидаанд, ки Тоҷикистон озоду соҳибистиқлол Ватани умумӣ ва ягонаи тамоми шаҳрвандони он буда, дӯст доштану амнияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии онро таъмин кардан вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд ба шумор меравад.
Соҳибистиқлолӣ ба мо ҳуқуқи интихоби роҳи рушди давлатро додааст, аммо ҳифзу таҳкими он аз ҳар шаҳрванд масъулияти бештар талаб мекунад. Худшиносии миллӣ, садоқат ба Ватан, волоияти қонун, меҳнати ҳалол, ҳифзи фарҳанги сулҳу ваҳдати миллӣ ва саҳм гузоштан дар ободии кишвар беҳтарин шакли арҷгузорӣ ба истиқлол аст. Насли имрӯз бояд дарк намояд, ки соҳибистиқлолӣ неъмати як рӯз ё як насл нест. Он арзиши таърихиест, ки бояд барои наслҳои оянда низ ҳифз ва таҳким дода шавад. Имрӯз вазифаи мо танҳо ифтихор аз истиқлол набуда, таваҷҷуҳи хосса бояд ба ҳифзу таҳкиму ин неъмати бебаҳо зоҳир шавад. Мо, тоҷику тоҷикистониён бояд дар мадди назар дошта бошем, ки Истиқлоли давлатӣ ба мо Ватанро ҳамчун давлати соҳибихтиёр эҳдо кард, сулҳ ба мо имкони зиндагии осоишта дод ва ваҳдати миллӣ роҳи созандагиро боз намуд. Акнун ҳифзи ин арзишҳои муқаддас ва бунёди ояндаи боз ҳам ободу пешрафта қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Манбаъ ва асосҳои бунёдии ваҳдати миллӣ ва таҳкими давлатдорӣ дар Тоҷикистон аз муттаҳидии халқ ва пойдории сулҳу субот, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии мардум, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ, тақвият бахшидан ба мақоми давлат ҳамчун ҳомӣ ва кафили ҳифзи манфиатҳои халқ, афзоиши неруи иқтисодии кишвар ва нуфузу эътибори байналмилалии он иборатанд.
Барои он ки заминаҳои бунёдии зикршуда боз ҳам пойдору устувор гарданд, бояд иродаи мардум ва андешаи миллӣ ба ҳадафҳои пешгирифта мувофиқат намоянд, инчунин неруи зеҳнии ҷомеа ба манфиати Ватан фаъолият кунад. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо таҳкими истиқлоли давлатамон ба шумор рафта, насли наврасу ҷавонро дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст. Онҳо бояд шахсони соҳибмаърифат, бофарҳанг, мутамаддин, эҷодкор, номбардори миллати қадимӣ ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гарданд.
Тавре Роҳбари давлат таъкид намудаанд, «даврони ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва зиндагии осудаи мардуми тоҷик оғоз ёфтааст ва рӯзҳои беҳтару хуштар ва саодату некбахтиҳо дар пеш қарор доранд. Муҳимаш ин ки мо барои зиндагии осудаю хушҳолонаи оянда заминаи устувор, азму иродаи созандагӣ, ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу осоиш ба вуҷуд оварда тавонистем».
Бовар дорам, ки ҳама хурду калони Тоҷикистон рисолату асолати соҳибистиқлолиро ба таври шоиста дарк намуда, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, саҳмгузорӣ дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсиро муқаддастарин вазифа ва рисолати соҳибватании худ медонанд.
Абдураҳим ШОҲИЁН,
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе,
номзади илмҳои иқтисодӣ








РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
Дар Ҳисор маркази забономӯзӣ, муассисаҳои таълимӣ ва нуқтаҳои тиббию дандонпизишкӣ ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Федератсияи Русия барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
Соли 2026 дар вилояти Хатлон беш аз 200 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
Дар шаҳри Вена ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ доир шуд






