35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд

Сентябрь 11, 2026 13:29

ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи муҳимтарини ташаккули давлатдории навини миллӣ, таҳкими иқтисоди миллӣ ва рушди низоми идоракунии давлатӣ ба ҳисоб рафта, бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Бо ташаббусҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу субот дар мамлакат дар самти бунёди давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ба масъалаи ҳаётан муҳим – идоракунии рушди маҳал низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид ва ин соҳа ба муваффақияти назаррас ноил шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ 182 деҳаи нав бунёд ёфт. Шумораи аҳолии онҳо 101 ҳазору 383 нафарро ташкил дода, дар онҳо 10 муассисаи томактабӣ, 83 муассисаи таълимӣ ва 70 бунгоҳи тиббӣ фаъолият доранд. Аз шумораи умумии аҳолии ин деҳаҳо 71 ҳазору 160 нафар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд, ки 70,2 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти идоракунии рушди маҳал, ҳамоҳангсозии масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал,  мушаххас гардонидани вазифаю ваколатҳои байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамоҳангсозии тадбирҳо оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои маҷмуии рушди иҷтимоию иқтисодӣ 21 майи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули низоми муосири идоракунии маҳаллӣ, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ва «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» ва баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти фаъолияти мақомоти маҳаллӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо

Кумита шуруъ аз соли 2018 ҳамасола «Маълумот оид ба арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳоро вобаста ба фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ташаккул ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал»–ро дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омода менамояд. Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, онро ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои корбарӣ тибқи тартиби муқарраргардида ирсол мекунад.

Дар баробари ин, Кумита қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар сатҳи маҳал»-ро ба роҳбарӣ гирифта, дар таҳияи барномаҳои марҳилавии рушди минтақаҳо барои солҳои 2016–2020, 2021–2025 ва 2026–2030 тавассути расонидани кумакҳои методӣ ва амалӣ, баргузор намудани семинарҳои омӯзишӣ, ҷаласаҳои сайёр ва анҷом додани сафарҳои хизматӣ иштирок менамояд.

Татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии соҳавӣ

Раванди рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигаргунсозиҳои мураккаби барномавӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ ва таъминоти ҳаёти мамлакат алоқаманд аст. Ин раванд мавҷудияти самтдории муайяни стратегиро тақозо менамояд, ки бо тағйироти институтсионалӣ, тақсимоти дақиқи вазифаҳо ва ҳамоҳангсозии сифатноки фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии идоракунӣ тақвият дода шавад.

Бинобар ин, дар ин давра зарурати таҳия ва қабули Консепсияи дарозмуҳлати идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба миён омада, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2015 «Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тасдиқ гардида, амалисозии он се марҳилаи миёнамуҳлатро дар бар мегирад.

То имрӯз татбиқи ду марҳилаи ин консепсия пурра ба анҷом расида, барои амалӣ намудани марҳилаи сеюми он «Нақшаи амалисозии Консепсия барои солҳои 2026-2030» тасдиқ гардида, татбиқи он идома дорад.

Дар заминаи татбиқи марҳилаи сеюми ин консепсия таҳия ва қабули «Стратегияи ислоҳоти идоракунии маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар назар аст. Қабули ин стратегия таккондиҳандаи самти рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо ба ҳисоб меравад.

Ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кумита рушди ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалӣ ва шарикони рушд мебошад. Кумита то имрӯз бо мақсади амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ дар самти рушди маҳал тибқи таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи хориҷи дуру наздик 42 созишномаи бародаршаҳрӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди маҳал кумита шуруъ аз соли 2021 ҳамкориро бо Ташкилоти ғайритиҷоратии «Сэмаул Ундонг»-и Ҷумҳурии Корея ба роҳ монд. Дар мувофиқа бо Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои хурди рушди инфрасохторро барои давраи солҳои 2024-2028 дар 4 деҳаи ноҳияи Шаҳринав (Гулреза, Ҳаёти нав, Файзбахш ва Навбаҳор) ба маблағи умумии 440 ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷалб намуд, ки татбиқи лоиҳаҳои номбурда идома дорад.

Инчунин кумита бо маблағгузории Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) «Барномаи устуворгардонии шаҳри Хоруғ»–ро амалӣ менамояд. Ҳадафи он ба бунёди иншоот, сохторҳо ва иқтидори намунавию тобовару устувор табдил додани шаҳри Хоруғ равона гардидааст. Маблағи умумии барнома аз 104 миллиону 337 ҳазору 721 сомонӣ иборат мебошад.

Рушди маҳалҳо — меҳвари фаъолият

Давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ бо мақсади такмили низоми идоракунӣ ва банақшагирии рушди минтақаҳо усулҳои муосири идоракунӣ ва банақшагирии рушд татбиқ карда шуданд. Дар самти баланд бардоштани худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи сокинони мамлакат дар руҳияи зебоипарастӣ ва ободкорӣ тавассути баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ва «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳрак ва деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» саҳми назаррас гузошт.

Бо мақсади татбиқи ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумита дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (2019–2021) «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» (2026) корҳои созандагию ободониро дар шаҳру ноҳияҳо тақвият бахшид.

Инчунин дар татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ барои сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуд. Дар маҷмуъ, ин тадбирҳо ба рушди устувори маҳалҳо, беҳтар гардидани шароити иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ, ободонии муҳити зист ва таҳкими ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ мусоидат намуданд.

Дар солҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди минтақаҳо ва таҳкими низоми идоракунии маҳаллӣ саҳми назаррас гузошта, фаъолиятро ба беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисодӣ ва фароҳам овардани заминаи устувор барои пешрафти минбаъдаи мамлакат равона намуд.

Дар оянда низ кумита ба идомаи ислоҳот, амалӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор ва мутавозини тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ дода, фаъолиятро дар заминаи нақшаву барномаҳо, санадҳои амалкунандаи соҳа, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ менамояд. Ҳамзамон дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии рушди маҳал саҳми арзанда мегузорад.

Ширинмоҳ ҚОСИМӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 11, 2026 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Раштро мавриди истифода қарор доданд
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ба истифода доданд
Дар Осорхонаи мероси Покистон гӯшаи мардумшиносии Тоҷикистон бо ёдгориҳои нави фарҳангӣ ва таърихӣ ғанӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд