Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гули шукуфта рамзи соли ҳаракати ихтиёриёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) гардид. Рамзи нав муттаҳидшавӣ ва ягонагиро ифода намуда, шумораи ҳар гулбарги он маънои махсус дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Иттиҳод.
Натиҷаҳои Озмуни байналмилалӣ барои беҳтарин рамзи Соли ҳаракати ихтиёриён дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷамъбаст шуданд. Дар он 36 муаллифи эҷодкор аз Беларус, Русия, Узбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон иштирок намуданд.
Ташкилкунандагони озмун — Донишгоҳи технологии Русия МИРЭА бо дастгирии гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои рушди ихтиёриён дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ду ғолибро интихоб намуданд. Дар ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонони Иттиҳод ғолиби озмун эълон гардид.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






