ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! 200 ҷавони шаҳри Турсунзода ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд
ДУШАНБЕ, 01.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи якуми даъвати баҳорӣ 200 ҷавони шаҳри Турсунзода ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далватии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Зимни гусели наваскарон таъкид гардид, ки хизмат ба Ватан ва миллат барои ҳар ҷавонмард, ки марзу бум ва хоку оби мамлакат барояш азиз аст, қарзи муқаддас ва мояи ифтихор буда, ҷавонони далеру ғаюр имрӯзҳо дар ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ нақши бузург доранд.
Иброз гардид, ки ҳимояи ҳар пораи хоки муқаддаси Тоҷикистон қарзи фарзандӣ, вазифаи ҷавонмардӣ ва шарафу ифтихори бузург ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат баҳри боз ҳам рушд додан ва фароҳам намудани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад. Бо назардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ меафзояд.
Дар идома ба ҷавононе, ки даврҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 1 апрел дар саросари шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то 31 май идома меёбад. Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ даъват мегарданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далватии шаҳри Турсунзода


















Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад






