Илм дар ҳама давру замон кафили рушди бомарому босуботи ҷомеа ба шумор меравад
ДУШАНБЕ, 16.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Воқеан, илм дар ҳама давру замон кафили рушди бомарому босуботи ҷомеа ба шумор меравад. Бо назардошти аҳамияти хоссаи ин самти афзалиятнок ва заминавии ҷомеа дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёду мондагор дар амал татбиқ мешаванд»,- иброз намуд президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи илм, ки имрӯз дар Академияи миллии илмҳо баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири маориф ва илм, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ, президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ сухан намуданд.
Иброз гардид, ки яке аз масъалаҳои дигари муҳиме, ки Президенти ҷумҳурӣ борҳо зимни пешниҳоди паёмҳо ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ҳамчунин дар вохӯрию суҳбатҳо бо олимон ва дигар намояндагони аҳли зиёи мамлакат гузоштаанд, ин масъалаи пайвасти илм ва истеҳсолот ва татбиқи дастовардҳои олимон дар истеҳсолот мебошад. Сарвари давлат зарур мешуморанд, ки олимон ба рушди минбаъдаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносиву техникӣ ва ба талаботи ҷомеа равона сохтани неруи илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, фаъолияташонро дар самти ихтироъкориву навоварӣ, ҳамчунин ҷалби ҷавонони болаёқат ба корҳои илмӣ ва ихтироъкорӣ боз ҳам тавсеа бахшанд.



Қобилҷон Хушвахтзода тазаккур дод, ки «дар айни замон яке аз мушкилоти асосӣ дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо, ки ба рушди минбаъдаи илми академикӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат карда метавонад, ин камтар будани муҳаққиқони ҷавон дар ин самт мебошад. Барои ба таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ ҷалб намудани хатмкардагони зинаи магистратура ва докторантураи PhD, албатта, муҳайё намудани шароити хуби иҷтимоиву иқтисодӣ хеле муҳим буда, роҳбарияти Академия барои беҳтар намудани шароит кӯшиш ба харҷ медиҳад. Роҳбарият нақша дорад, ки минбаъд олимони дараҷаи илмидоштаи соҳаҳои гуногун, бахусус фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникиро аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ интихоб карда, онҳоро ба рушди илми академикӣ ҷалб намояд.
Гуфта шуд, ки бо мақсади рушду инкошофи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа таваҷҷуҳ ба илм беш аз ҳар вақт аҳамияти муҳим пайдо намудааст. Давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ ба илм ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият ва ба олим ҳамчун сарвати бебаҳои ақлонӣ нигариста, барои равнақи минбаъдаи илм ва беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои зарурӣ меандешанд, зеро рушди босуботи соҳаи илму маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва таъминкунандаи пешрафти ҷомеа ва давлат маҳсуб мешавад.


Дар ҳамоиш ба олимоне, ки соли 2024 соҳиби ҷоизаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста гардидаанд, нафароне, ки дар академия солҳои дароз фаъолият доранд, барои беҳтарин маърузаи илмӣ дар конференсияи илмӣ ба муносибати Ҳафтаи илм диплом ва ифтихорномаҳо, медали «50 соли фаъолияти бефосила дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва унвони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» супорида шуд.
Бояд гуфт, ки пеш аз оғози маҷлиси тантанавӣ субҳи имрӯз як гурӯҳ олимон дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Султон Умаров, Муҳаммад Осимӣ, Мирзо Турсунзода ва дигарон гулчанбарҳо гузоштанд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон
Ҳайати Академияи таҳқиқотии Малайзия бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва бостонии Тоҷикистон шинос мешавад
Олимони ҷавони тоҷик дар Мактаби байналмилалии илмӣ-таълимӣ барои ҷавонони ИДМ иштирок намуданд
Оид ба омӯзиши илмҳои криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло доир шуд
Соли 2027 Душанбе мизбони Форуми VI театрии ҷавонони кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон мегардад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Малайзия баррасӣ шуд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун Маркази фарҳангӣ ифтитоҳ гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши осори таърихии Гунди Шопури Эрон баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мастчоҳ Маркази фарҳангӣ ба истифода дода шуд
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон масоили муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ гардид
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон идома доранд






