Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 50 ҳазор шаҳрванд ба ташхису машварати ройгон фаро гирифта шуданд

Апрель 6, 2024 13:42

ДУШАНБЕ, 06.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ (7 апрел) дар тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе чорабинии солимгардонии ташхису муоина ва машварати ройгони шаҳрвандон гузаронида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар саҳни бинои Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» барои суҳбати мутахассисони соҳа бо шаҳрвандон тамоми шароити муосид фароҳам гардида, дар маҷмӯъ барои машварат ва ташхису муоинаи ройгони сокинон тамоми имконоти лозима муҳайё карда шуд.

Аз субҳи барвақт аллакай шаҳрвандони зиёде ба муассиса омада, аз ташхису муоинаҳои ройгон мегузаштанд ва аз мутахассисони соҳа доир ба беҳтар намудани вазъи саломатии худ тавсияву маслиҳати муфид мегирифтанд.


Дар суҳбат сокинони мамлакат барои фароҳам овардани чунин шароиту имконоти мусоид ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Ёдовар мешавем, ки чунин чорабинӣ дар муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ, марказҳои саломатии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва дар умум дар тамоми муассисаҳои тиббию табобатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкил ва баргузор гардида, ба зиёда аз 50 ҳазор шаҳрванд ташхису машварати ройгон расонида шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 6, 2024 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд