Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми оби Душанбе баргузор гардид

Апрель 16, 2024 12:13

ДУШАНБЕ, 16.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи дуюми кумитаи тадорукоти Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  баргузор гардид.

Дар ҷаласа нахуст оид ба ҷараёни омодагиҳо, ташкил ва гузаронидани дигар чорабиниҳо дар доираи Конференсияи сеюми Душанбе оид ба масъалаҳои об, тартиби иштирок дар конференсия ва сохтору муҳтавои чорабиниҳои  он ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат шунида шуд.

Тавре таъкид шуд, дар кори ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, ки 10-13 июни соли 2024 дар пойтахти мамлакат -шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштироки намояндагони воломақоми якчанд давлатҳои ҷаҳон, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар  доираи  Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҳамчунин баргузории фестивалу  форумҳо, муколамаҳо ва чорабиниҳои канории  сатҳи баланд вобаста ба масоили обу пиряхҳо ва иқлим ба нақша гирифта шудааст.

Сарвазири мамлакат, раиси кумитаи тадорукоти Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»   аъзои кумитаи тадорукот ва  роҳбарони вазорату идораҳои  дахлдори мамлакатро  барои дар сатҳи баланди омодагӣ ва ташкилӣ гузаронидани ин чорабинии сатҳи баланд, ки ба масъалаи   татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар масъалаи обу иқлим бахшида шудааст, вазифадор намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 16, 2024 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд