Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар майдони беш аз 12 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд

Апрель 2, 2024 14:15

ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони ноҳияи Мастоҳ азм доранд, ки дар майдони 12 ҳазору 440 гектар пунбадона кишт намуда, ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна то ба 25-30-сентнерӣ расонанд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, Раиси вилояти Суғд ба кишти пахта оғоз бахшида, дар хоҷагии деҳқонии ба номи «Ҷумъа Одина»-и Ҷамоати деҳоти Палдорак бо кишоварзону пахтакорон суҳбат намуда, барои рӯёнидани ҳосили хуб маслиҳатҳои муфид дод.

Хоҷагии деҳқонӣ дорои 10 гектар замини корам буда, саҳмдорон азм доранд имсол дар майдони 7 гектар пахта кишт намоянд. Соли 2023 пахтакорони хоҷагӣ бо риояи қоидаҳои агротехникӣ, сари вақт гузаронидани коркард ва обу ғизодиҳӣ тавонистанд ба натиҷаи баланд дастёб гардида, аз ҳар гектар то 50-сентнерӣ ҳосил гиранд, ки ин аз ҳисоби миёнаи ноҳия хеле баланд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷамоати деҳоти Палдорак 3 ҳазору 600 гектар замини корам мавҷуд буда, имсол мувофиқи нақша бояд дар 2 ҳазору 120 гектари он пунбадона кишт шавад.

Раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии «Оли Сомон» низ ба кишти чигит оғоз бахшид. Ин хоҷагӣ аз ҷумлаи хоҷагиҳои пешқадам ба ҳисоб рафта, соли равон аз 11 гектар замин  дар 9 гектар чигит кишт мешавад.

Дар ноҳияи Мастчоҳ муҳлати оптималии кишти пахта то 25 апрел ба ҳисоб рафта, кишти саривақтӣ ва риоияи қоидаҳои агротехникӣ боиси рӯёнидани ҳосили дилхоҳ мегардад.

Раиси вилоят зимни мулоқот бо кишоварзону пахтакорон таъкид дошт, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ якчанд тадбирҳои мушаххас андешида шуда, лоиҳа ва барномаҳои соҳавӣ қабул ва барои хоҷагидорон имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд. Кишоварзонро зарур аст, ки бо истифода аз имконият барои ба даст овардани ҳосил дучанд меҳнат намоянд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ зиёда аз 6 ҳазору 500 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, самти асосии 3 ҳазору 800 адади он ба кишту парвариши пахта нигаронида шудааст.

АКС: дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Апрель 2, 2024 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда шудааст
ҶДММ «Ганҷи Панҷ» дар як сол имкони қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна пахтаро дорад
Ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX»-и «Сомон Эйр» дар Душанбе муаррифӣ гардид
Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт бунёд карда мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб дар 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар шаҳри Конибодом кишти такрорӣ идома дорад
Ҷалби сармоя ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо намояндагони ширкати «Рокс Групп»-и Ветнам баррасӣ гардид
Оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ бунёд карда мешавад
Дар минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ ва Зарафшон қариб 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ об шудааст
Дар доираи татбиқи 6 созишномаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад