Кумак дар интихоби интернет барои идора

Апрель 8, 2024 15:32

ДУШАНБЕ, 08.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкор бояд дарҳол дар бораи чӣ фикр кунад, то идораро  бе харҷи зиёдатӣ  бо интернет таъмин намояд? Якҷоя бо мутахассисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мо ба чанд саволе посух медиҳем, ки  дар интихоби провайдер ва  пайдокунии дастрасӣ  ба интернети босифат кумак мерасонанд.

Кадом провайдерон  дар  маҳалҳои  зарурӣ фаъолият  доранд?

Бесабаб нест, ки мо ин саволро аввал ба миён гузоштем. Охир, чунин ҳолат имконпазир аст: провайдер нархҳои хеле паст, суръати беҳтарини интернет дорад, вале  он … дар ҳамон ҷое, ки шумо офис мекушоед, хизмат   намерасонад. Чаро барои омӯзиши пешниҳодҳои ширкатҳое, ки шумо интернети онҳоро истифода бурда  наметавонед, вақтро беҳуда сарф мекунед? Одатан қоидаи зерин амал мекунад: ширкати телекоммуникатсионӣ ҳар қадар калон бошад, миқёси фаъолияти он ҳамон қадар васеътар мешавад. Бинобар ин, аз пешсафони бозор оғоз намоед. Дар омади гап, хизматрасонии онҳо беҳтар низ ҳаст.

Чанд нафар корманд аз интернет истифода мебаранд? 

Агар, фарз кардем, дар басти шумо бист нафар бошанд, ин далели он нест, ки ҳамаи онҳо ба интернет ниёз доранд. Ҳар соҳаи тиҷорат хусусияти худро дорад. Дар ширкате, ки маҳсулоти хӯрокворӣ мефурӯшад, танҳо ба директор ва ду менеҷери харидҳо   дастрасӣ ба шабака заурр аст. Аммо дар як ширкати IT  интернети босуръат  ба ҳамаи кормандон лозим аст.

Чӣ гуна суръати  интернет заурр аст? 

Агар шумо донед, ки чӣ қадар ҷойҳои корӣ бояд ба интернет пайваст шаванд ва тасаввур кунед, ки кормандон то чӣ андоза фаъолона кор мекунанд, пас аз рӯи тартиб  саволи суръати дастрасӣ  ба миён меояд. Ин ҳамзамон  масъалаи нарх низ ҳаст, зеро арзиши хизматрасонии провайдер ва суръат ҳамеша бо ҳам алоқаманд ҳастанд. Ба ибораи дигар, биёед як калкуляторро гирем. На зиёда аз панҷ ҷои корӣ бояд ба интернет пайваст шавад ва кормандон танҳо почтаи электрониро истифода мебаранд, вебсайтҳоро паймоиш мекунанд ва каталогҳо мефиристанд? Пас барои ҳар кадоми онҳо 5-10 Мбит/с  кифоя аст. Бист нафар корманд ба интернет ниёз доранд ва ба ғайр аз ҳамаи амалҳои болозикр онҳо  бо махзанҳои маълумот  кор мекунанд, барномаҳои махсуси дорои графикаи мураккабро истифода мебаранд ва видеоконфронсҳои коллективиро ба таври  онлайн мегузаронанд? Пас ба суръати камтар аз 100 Мбит/с розӣ нашавед!

Тавассути кадом технология  бояд  интернетро пайваст намуд?

Интихоби технология инчунин аз он вобаста аст, ки идораи шумо дар куҷо ҷойгир мебошад. Ин на танҳо ба шаҳру маҳаллаи  мушаххас дахл дорад. Агар ҳуҷра дар «диапазони намоён»-и наздиктарин истгоҳи базавӣ қарор дошта бошад, пас интернетро  бе кабел пайваст кардан мумкин аст. Агар Wi-Fi дар таҳхона мувофиқ набошад, пайвасти симиро бо истифода аз  Ethernet интихоб кунед.  Оё интернет дар як минтақаи дурдасти Тоҷикистон лозим аст? Эҳтимол, гузаронидани  хати алоқаи нахӣ-нурӣ (ХАНН) лозим меояд, ки чунин имкониятро  танҳо ширкатҳои бузурги телекоммуникатсионии ҷумҳурӣ доранд. Дар баъзе ҷойҳо танҳо ширкати «МегаФон Тоҷикистон» метавонад кашидани ноқилҳоро аз хати алоқаи нахӣ-нури асосӣ то бинои шумо ташкил намояд.

Илова бар ин, аз  интихоби технология суръати интернет низ вобастагӣ дорад.  Чунончи, ҳадди баландтарини  Wi-Fi 100 Мбит/с аст ва бо чунин пайвастшавӣ суръатро тезтар кардан ғайриимкон аст. Аммо шумо бояд ба назар гиред, ки трафик бояд ба ҳамаи корбарон «тақсим карда шавад». Суръати максималии технологияи Ethernet 1 Гбит/с-ро ташкил  медиҳад. Пайвастшавӣ тавассути хати алоқаи нахӣ-нурӣ даҳ маротиба тезтар аст. Он барои ҳама мувофиқ аст, вале  на ҳар ширкат ба чунин миқдори зиёд  ниёз дорад. Ҳамин тавр,  боз «калкулятор»-ро мегирем ва ҳисоб мекунем, ки кадом технология шумораи муайяни кормандонро бо сифати зарурии интернет таъмин  менамояд.

Арзиши интернет чанд аст? 

Нарх барои муштариёни корпоративӣ ба таври махсус  ҳисоб карда мешавад ва аз омилҳои гуфташуда, ба монанди   шумораи ҷойҳои  корӣ, суръати дастрасӣ, ҳаҷми трафики зарурӣ, технологияи пайвастшавӣ вобаста аст. Масалан, дар озмоишгоҳи тиббии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гемотест ТҶ» ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҳамагӣ чор компютерро ба интернет пайваст намудааст. Аммо, азбаски кормандони соҳаи тиб бояд ҳаҷми  зиёди маълумотро зуд коркард кунанд, суръати 20 Мбит/с ва 500 ГБ трафик дар як моҳ талаб карда шуд.

Тарофаи интихобшуда аз эҳтиёҷоти  шумо вобаста аст. Ҳамин тариқ, МегаФон Тоҷикистон барои шумораи ками компютерҳо «Онлайн New 5 Mbps 100 Gb»-ро бо арзиши  600 сомонӣ дар як моҳ пешниҳод менамояд. Аз он, масалан, дар дорухонаи «Мадад Фарм»-и Душанбе, ки дар он чор ҷои кор бо дастрасӣ ба  шабака муҷаҳҳаз гардидааст  ва ширкати дистрибютерии  «Алика» бо ҳашт компютер истифода мебаранд. Барои ширкати калон, ки шумораи зиёди корбарон дорад, тарофаи «Online New 30 Mbps 1000 Gb» ба маблағи 4000 сомонӣ дар як моҳ мувофиқ аст. Вале, дар баробари зиёдтар шудани талабот нисбат ба суръат ва ҳаҷми трафик нарх низ баландтар мешавад.

Тамоми маълумоти дахлдорро дар як ҷадвал нишон медиҳем.  Онро омӯзед ва дар хусуси интихоби интернети ба шумо мувофиқ  тасмим бигиред.

Шумораи истифода-барандагон

 

Суръати зарурӣ Технологияи оптималии пайвасткунии  интернет

 

Арзиши интернет

(мин/макс, сомонӣ)

 

1-5 5-10 Мбит/с Wi-Fi, Ethernet 600 – 4 000
5-10 10-50 Мбит/с Wi-Fi, Ethernet, ХАНН 1 150 – 20 000
10 ва аз он зиёдтар 10-100 Мбит/с ва аз он зиёдтар Ethernet, ХАНН 4 000 – 40 000

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Апрель 8, 2024 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст