МОҲИ ХАЙРУ ЭҲСОН ВА ОБОДКОРӢ. Дар Душанбе таъмиру тармими Масҷиди марказии шаҳр ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб бо маром идома дорад

Апрель 8, 2024 16:45

ДУШАНБЕ, 08.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар сиёсати фарҳангсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи ҷашну маросими миллию динӣ ва нишон додани аҳамияти тарбиявию ахлоқии онҳо, ободкориву дӯст доштани Ватан ҳамеша ҷойгоҳи махсус дорад. Дар доираи ин гуфтаҳо имрӯзҳо дар саросари мамлакат корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд. Аз ҷумла, дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб корҳои таъмиру навсозӣ ҷараён дошта, онро Ташкилоти Ҷамъиятии «Сабо» ба уҳда дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Тавре дар суҳбат бо мо сармуҳандиси ташкилот  Неъматуло Тӯраев иброз дошт, таъмири масҷид мувофиқи нақшаи шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Қарори Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз моҳи июни соли 2022 оғоз гардида, то имрӯз идома дорад.

Мувофиқи нақша, таъмири деворҳои масҷид 90 дарсад иҷро гардида, дар дохили масҷид корҳо пурра  иҷро шудаанд, инчунин болопӯши он аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст. Ҳоло дар  дохил корҳои сангӣ иҷро гардида, устоҳо кӯшиш мекунанд, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ масҷид пурра таъмиру навсозӣ карда  шавад.


Раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода зимни суҳбат иброз намуд, ки «мо Пешвои миллат ва Роҳбари давлати хайрхоҳ ва сулҳпарвару ободкор дорем, ки  пайваста талош доранд дар ҳама самти фаъолияти корӣ ободонӣ ва пешрафт бошад. Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе ҳамеша дар фикри ободониву хайрхоҳӣ ва оромии мардум мебошанд. Аз ин нуқтаи назар ба  масҷидҳо- чӣ дар пойтахт ва  чӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Дар таъмиру тармими масҷидҳо кумаку дастгириҳои Хукумати мамлакат зиёд аст, ки ин ба манфиати давлату миллати мо мебошад».

Мавсуф баён дошт, ки «ободонӣ дар ҳар шаҳру ноҳияи мамлакат то ба сатҳи  маҳаллаву кӯчаҳо  ва манзилҳои истиқоматӣ ба манфиат аст, зеро ба чашми ҳар меҳмон ё сайёҳи хориҷие, ки ба ҷумҳурӣ меояд, аввал ин ҷойҳо меафтад  ва баҳогузории онҳо ба  фарҳангу миллату давлат бояд ҳамеша мусбат бошад. Аз ин рӯ мо, ходимони дин хеле миннатдор ҳастем, ки ба фаъолияти мо ва беҳбуди кори мо аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад».

Раиси Шурои уламо гуфт, ки ҳоло таъмири масҷид идома дошта, дар кори Ташкилоти ҷамъиятии «Сабо» ягон мушкилӣ вуҷуд надорад.

Бояд гуфт, ки Ташкилоти ҷамъиятии «Сабо» 13 июли соли 2016 ба фаъолият оғоз намудааст. Ин ташкилот тақрибан ҳамасола ба ҳазорҳо хонаводаҳои ниёзманд маводи ғизоӣ кумак мерасонад.

Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Сабо» Ҷамшед Сафаров гуфт, ки соли 2023 ташкилот ба 1700 оилаи ниёзманди шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, шаҳри Ваҳдат маводи ғизоӣ тақсим намуд, ки дар маҷмуъ 45 тоннаро ташкил дод.

«Соли 2024 ба 1016 оилаи ниёзманд маводи ғизоӣ расонида шуд. Инчунин ба хона-интернатҳои шаҳри Кӯлоб, Восеъ, Сангвор, Ваҳдат,  Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе кумак расонида, дастархони идона ороста намуданд», — гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 апрели соли 2024 зимни пешниҳоди паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон чунин баён  доштанд: «Дар ин моҳи муборак баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ иҷрои амалҳои солеҳ, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷон аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар мусулмони савобҷӯ мебошанд».

 

София ШОИК,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Апрель 8, 2024 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд