Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд
ВАРЗОБ, 04.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Парчами миллӣ»-и ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи даъватшаванда ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ин рӯз зиёда аз 51 даъватшаванда бо дуои неки модарон барои ҳифзи Ватан – Модар ба сафи Артиши миллӣ ҷалб шуданд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар шахси солимфикр ва бонангу номуси давлатамон мебошад.
Гуфта шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо ҷавонони синни даъватӣ корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ гузаронида, дар мавзуъҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулпазирӣ, аз худ намудани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, таҳкими ваҳдат ва суботи ҷомеа ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, ки дар натиҷа сафи даъватшавандагони ихтиёрӣ зиёд гардидааст.
Дар ҷараёни ҳамоиши идона собиқадорони Артиши миллӣ, волидайн ва даъватшавандагон сухан гуфта, ба роҳбарияти олии ҷумҳурӣ барои бо шароити хуби хизматбарӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ҷавонписарон ба волидайн ваъда доданд, ки қарзи шаҳрвандиро адо намуда, баъди хизмати ҳарбӣ дар хоҷагии халқ баҳри шукуфоии Ватани азиз меҳнати софдилонаро идома медиҳанд.


Дар ҷамъомад аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба даъватшудагоне, ки даврҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро омӯхтаанд, ҳуҷҷати ронандагӣ тақдим гардид.
Ба ифтихори ин рӯз аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини ҳунарӣ, ки ба ситоиши Ватан — Модар бахшида шуда буд, пешкаши ҳозирин гардид.
Ҳамчунин аз ҷониби сарбозони қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ машқҳои ҳарбӣ намоиш дода шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб








Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид






