Ҷавонписарони ноҳияи Рӯдакӣ ба сафи Артиши миллӣ пайваст шуданд

Апрель 3, 2024 15:15

РӮДАКӢ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида  ба оғози маъракаи даъвати баҳории  ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ роҳпаймоӣ ва ҳамоиши тантанавии гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар гусели тантанавӣ, ки дар майдони назди муҷассамаи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ доир шуд, бо дуои неки модарон 246 ҷавони сарбаланди ноҳияро, ки барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ба Комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда буданд,  ба хизмати Ватан- Модар гусел намуданд. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу буми  сарзамини аҷдодӣ шараф ва номуси ҷавонмардӣ буда, қарзу фарз ва вазифаю рисолати шаҳрвандӣ ва имонию виҷдонии ҳар фарди соҳибватан мебошад. Хислатҳои мардонагӣ, шуҷоат, далерӣ, ҳушёрӣ, тоқатпазирӣ ва обутоби ҷисмонию руҳӣ маҳз дар давраи хизмат дар сафи Артиш ташаккул ёфта, камолоти ҷисмонӣ ва равонии  ҷавононро таъмин менамоянд. Таҷрибаи зиндагӣ низ собит намудааст, ки ҳар касе, ки дар сафи Артиш сарбаландона хизмат намояд, ҳеҷ вақт дар ҳаёт дучори шикаст намешавад. Ба ибораи дигар, хизмат ба Ватан ҷавонро қавирода, марди комил ва ба тамоми пастию баландиҳои ҳаёт тоқатпазир мегардонад.

Дар ин рӯз ба 187 ҷавони сарбаланди ноҳия, ки даври омӯзишии  ронандагиро хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

Минбаъд онҳо дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мутахассис- ронанда хизмат менамоянд.

Зимни ҳамоиш  дар самти дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ ҷавононе, ки ба таври ихтиёрӣ ба хизмат мераванд ва оилаҳои намунавӣ, ки 3-4 фарзандашонро ба хизмати Ватан-Модар равон намудаанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ шуданд.

Барои фароғати даъватшудагон барномаи ҷолиби фарҳангии иборат аз савту наво ва суруду таронаҳои ватандӯстона манзур шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Апрель 3, 2024 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид