Оид ба ҷойгоҳи китоб ва китобхонаҳо дар тарғиби музаффарияти истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи пойтахт ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» таҳти унвони «Ҷойгоҳи китоб ва китобхонаҳо дар тарғиби музаффарияти Истиқлолияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ ва намоиши китоб баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба китобхонаи Лоҳутӣ.
Дар оғози ҳамоиш аз тарафи хонандагони фаъоли китобхона шеърҳо дар васфи Ватан, Модар, Истиқлолият, Душанбе ва китоб қироат гардид.
Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ» Аббосалӣ Давлатов иброз дошт, ки дар давраи кӯтоҳи таърихӣ соҳаи китобдорӣ ба дастовардҳое ноил гардид, ки нисбат ба солҳои то истиқлол дар самти рушду такомули фаъолияти китобхонаҳо, таҳқиқу баррасии илмии масъалаҳои мубрами соҳа, барномарезии давлатӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, таҳияву интишори осори илмӣ, маводи таълимӣ ва таълимию методӣ ба забони давлатӣ беназир мебошанд. Маҳз баланд гардидани сатҳи ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу маориф, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ муяссар гардид, соҳаи китобдорӣ беш аз ҳарвақта рушд намуд.
Шоири халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ иброз дошт, ки мо дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи фарҳанг, махсусан дар самти чопи китобҳои бадеӣ ба забони давлатӣ ва китобу китобхонӣ ба дастовардҳои азим ноил гардидем. Аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи «Ахтарони адаб» иборат аз 50 ҷилд чоп гардид, ки осори адибони шинохтаи классик ва адабиёти тоҷик бо нусхаҳои зиёд дастраси дӯстдорони китоб гардид. Бо иқдом ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ- «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ва «Илм- фурӯғи маърифат» баргузор шуданд, ки дар тарғиби китоб нақши калон доранд.
Мутахассиси соҳа Гадобег Маҳмудов афзуд, ки имрӯз сиёсати кадрии соҳаи китобдорӣ тақозо мекунад, ки мутахассисон вобаста ба талаботи замон омода карда шаванд. Новобаста аз ҳалли мушкилот дар самти таъмини китобхонаҳо бо мутахассисон сатҳи салоҳияти касбии аксарияти кормандони китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Норасоии кадрҳои китобдорӣ дар китобхонаҳои мактабӣ ва соҳавӣ низ мушоҳида мешавад. Вобаста ба ин, ташкил намудани раванди бозомӯзӣ ва азнавтайёркунии касбии китобдорон яке аз тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ шуд.
Мутахассиси дигари соҳаи китобдорӣ Зафари Шариф пешниҳод намуд, ки фаъолияти тамоми марказҳои таълимӣ, илмӣ ва китобхонаҳо бояд ҳамоҳанг гардида, барномаи воқеӣ ва илман асосноки такмили ихтисос ва бозомӯзии китобдорон таҳия карда шавад. Самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти китобхонаҳо дар радифи дигар муассисаҳои иттилоотӣ муайян карда шаванд.
АКС: Муассисаи давлатии «Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ»








Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид






