Оид ба ҷойгоҳи китоб ва китобхонаҳо дар тарғиби музаффарияти истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд

Апрель 14, 2024 11:28

ДУШАНБЕ, 14.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи пойтахт ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» таҳти унвони «Ҷойгоҳи китоб ва китобхонаҳо дар тарғиби музаффарияти Истиқлолияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ ва намоиши китоб баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба китобхонаи Лоҳутӣ.

Дар оғози ҳамоиш аз тарафи хонандагони фаъоли китобхона шеърҳо дар васфи Ватан, Модар, Истиқлолият, Душанбе ва китоб қироат гардид.

Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ» Аббосалӣ Давлатов иброз дошт, ки дар давраи кӯтоҳи таърихӣ соҳаи китобдорӣ ба дастовардҳое ноил гардид, ки нисбат ба солҳои то истиқлол дар самти рушду такомули фаъолияти китобхонаҳо, таҳқиқу баррасии илмии масъалаҳои мубрами соҳа, барномарезии давлатӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, таҳияву интишори осори илмӣ, маводи таълимӣ ва таълимию методӣ ба забони давлатӣ беназир мебошанд. Маҳз баланд гардидани сатҳи ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу маориф, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ муяссар гардид, соҳаи китобдорӣ беш аз ҳарвақта рушд намуд.

Шоири халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ иброз дошт, ки мо дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи фарҳанг, махсусан дар самти чопи китобҳои бадеӣ ба забони давлатӣ ва китобу китобхонӣ ба дастовардҳои азим ноил гардидем. Аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи «Ахтарони адаб» иборат аз 50 ҷилд  чоп гардид, ки осори адибони шинохтаи классик ва адабиёти тоҷик бо нусхаҳои зиёд дастраси дӯстдорони китоб гардид. Бо иқдом ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ- «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ва «Илм- фурӯғи маърифат» баргузор шуданд, ки дар тарғиби китоб нақши калон доранд.

Мутахассиси соҳа Гадобег Маҳмудов афзуд, ки имрӯз сиёсати кадрии соҳаи китобдорӣ тақозо мекунад, ки мутахассисон вобаста ба талаботи замон омода карда шаванд. Новобаста аз ҳалли мушкилот дар самти таъмини китобхонаҳо бо мутахассисон сатҳи салоҳияти касбии аксарияти кормандони китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Норасоии кадрҳои китобдорӣ дар китобхонаҳои мактабӣ ва соҳавӣ низ мушоҳида мешавад. Вобаста ба ин, ташкил намудани раванди бозомӯзӣ ва азнавтайёркунии касбии китобдорон яке аз тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ шуд.

Мутахассиси дигари соҳаи китобдорӣ Зафари Шариф пешниҳод намуд, ки фаъолияти тамоми марказҳои таълимӣ, илмӣ ва китобхонаҳо бояд ҳамоҳанг гардида,  барномаи воқеӣ ва илман асосноки такмили ихтисос ва бозомӯзии китобдорон таҳия карда шавад. Самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти китобхонаҳо дар радифи дигар муассисаҳои иттилоотӣ муайян карда шаванд.

АКС: Муассисаи давлатии «Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ»

 

Апрель 14, 2024 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони кишварҳои ИДМ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
«НИДОИ ЛОЗУР». Таҳти чунин унвон Форуми пиряхҳо ва барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад
Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии техникии Беларус ҳамкории илмиро тақвият медиҳанд
Дар Душанбе Форуми зиёиёни эҷодкор ва олимони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз шуд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон доир мешаванд
«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». Ин иқдом ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо бахшида мешавад
Дар шаҳри Қазвини Эрон фарҳанги Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн Фестивали мӯд-2025 баргузор шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ин шоҳасари мадании мусиқии тоҷик чун мероси аҷдодӣ давоми асрҳо аз устод ба шогирд гузаштааст
Даҳаи дуюми моҳи май 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода ҷашн гирифта мешавад
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни «Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад» баргузор шуд