Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд

Апрель 20, 2024 08:50

ДУШАНБЕ, 20.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори «Рӯзи пойтахт» дар ноҳияи Фирдавсӣ меҳмонхонаи панҷситорадори «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Бинои хуштарҳу замонавӣ аз 9 ошёна иборат буда, бо сабку усули хоси меъморӣ бунёд ёфтааст ва мутобиқи талаботи муосир муҷаҳҳаз гардидааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар меҳмонхонаи нав 84 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Аксари коргарон дорои ихтисосҳои хизматрасонию меҳмондорӣ ва донандаи чанд забони хориҷӣ мебошанд. Сатҳи баланди донишу омодагии кормандон имконият медиҳад, ки ба мизоҷон хизмати баландсифат расонида шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки «Кангурт Гранд Ҳотел» дорои 98 ҳуҷра, аз ҷумла барои меҳмонони олимақом буда, имконият дорад дар як вақт 164 мизоҷро қабул намояд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар баробари ҳуҷраҳои хоб, меҳмонхонаи нав дорои дигар имкониятҳои зарурӣ, аз ҷумла ҷойи гузаронидани ҳамоишҳои гуногун, толори маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст ва тарабхонаи барҳаво бо 160 ҷой сохта шудааст. Меҳмонхона дорои қаҳвахонаи муҷаҳҳазу замонавӣ буда, имконият дорад, ки дар як вақт ба 140 нафар хизмат расонад.

Дар меҳмонхона толори алоҳидаи варзишии муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои машқу тамрин бунёд карда шудааст. Имконияти фароҳамомада ба баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон мусоидат хоҳад кард.

Дар таҳхонаи иншооти мазкур «SPA-салон» ташкил гардида, дар дохили он ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳои алоҳида бо буғи тар ва хушк, ҷакузӣ ва дигар имконоти зарурӣ бунёд ёфтааст. Назорати ҳарорати оби ҳавз ва низоми полоишии он бо истифода аз дастгоҳҳои муосир дар чанд зина ба роҳ монда шудааст.

Дохили Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел» бо сабку услуби муосири меъморӣ оро ёфта, корҳои сохтмонии он бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ширкатҳои дохилӣ анҷом ёфт. Бо завқу салиқаи баланд ва бо истифода аз санъати баланди меъморӣ оро ёфтани дохили бино, ҳуҷраҳои хоб, роҳраву макони қабули мизоҷон иншоотро зебову диданӣ намудааст.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани «Кангурт Гранд Ҳотел» ҳадяи арзишманд бахшида ба «Рӯзи пойтахт» буда, ин иншоот ба баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмонони шаҳри Душанбе мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки санги асос барои сохтмони Меҳмонхонаи нуҳошёнаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузошта буданд. Дар вақти бунёд кардани иншоот беш аз 100 нафар бинокори маҳаллӣ ба кор ҷалб гардид.

Меҳмонхонаи нуҳошёна аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат сохта шуда, намои берунаи он низ бо сабки махсус ва талаботи меъмории шаҳрсозӣ зеб дода шудааст. Бунёди гулгашти зебо дар назди меҳмонхона ба ҳусни иншоот ҳусни дигар зам намуда, хоса шомгоҳон ин макон дилкашу назаррабо мегардад. Зеро ҳудуди он бо чароғҳои ранга зинат ёфта, дар ин ҷо барои сайругашт ва истироҳати мизоҷон дар ҳавои тоза шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Зимни боздид ва шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, дастур доданд, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ ба меҳмонон бо риояи меъёрҳои баланди соҳавӣ, одобу рафтор ва суннатҳои баланди меҳмондории миллӣ ба роҳ монда шавад.

Апрель 20, 2024 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 2 километр роҳи деҳаи Чузӣ дар Шаҳринав мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин  Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
35 — СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Панҷ 216 иншоот ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Рашт барои дарёфти Ҷоми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи футбол идома дорад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ иштирок намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Элоки Файзобод барои 2400 хонанда мактаби нав сохта мешавад