Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе бо молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО шинос шуданд.
Дар Намоишгоҳи миллии маҳсулоти саноатии Узбекистон дар Тоҷикистон 200 ширкати истеҳсолию тиҷоратӣ 1500 намунаи маҳсулоти мошинсозӣ, маводи кимиё, саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ, атриёт, ашёи рӯзгор, 60 намуди техника, маҳсулоти полиграфӣ ва техникаи электронии маиширо ба маърази тамошо гузоштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар намоишгоҳ бо намунаҳои молу маҳсулот ва иқтидори истеҳсолии корхонаҳои кишвари ҳамсоя шинос шуданд.
Сарони давлатҳо барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоту содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар ва баҳри афзоиши ҳачми гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон ба ҳукуматҳои хеш дастуру супоришҳо доданд.
Баргузории намоишгоҳи молу маҳсулот омили муҳими дарёфти шарикони нав ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ гардид.
Густариши ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ самти авлавиятноки муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дониста мешавад. Ин аст, ки барои устуворсозии риштаҳои ҳамкории тоҷирону соҳибкорон асосҳои воқеӣ муҳайё мебошад.
Иродаи қавӣ ва иқдоми хирадмандонаи сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон бо устуворсозии решаҳои дӯстиву бародарӣ ҷиҳати тавсеаи робитаҳои дуҷониба, ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, мустаҳкам гардонидани робитаҳои дӯстии мардумони тоҷику узбек, афзун намудани гардиши мол, истифодаи самаранок аз захираҳои ҳарду давлат ва дар маҷмуъ ба беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии шоиста заминаи воқеӣ мегузорад.
Дар заминаи тавсеаи ҳамкорӣ ҳоло 400 корхонаи муштараки саноатии Тоҷикистон ва Узбекистон фаъолияти пурсамар доранд. Соҳибкорону сармоягузорони ду давлат бо истифода аз захираву имконоти мавҷуда ҳамкории тиҷоратиро зина ба зина густариш медиҳанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






