Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»

Апрель 19, 2024 10:02

ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯйи натиҷаи музокирот мо як силсила санадҳои навро, ки заминаи ҳуқуқии самтҳои гуногуни ҳамкории гуногунҷанбаи моро ба таври назаррас таҳким мебахшанд, ба имзо расонидем. Дар ин зимн мехоҳам моҳияти таърихии Аҳднома оид ба ҳампаймониро, ки муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад, бахусус таъкид намоям. Чунин  иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 апрел  зимни  изҳороти матбуотӣ  аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ки бо сафари давлатӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд.

Президенти Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон   изҳори  боварӣ намуданд, ки Аҳднома ба истифодаи боз ҳам васеи зарфияти ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон  мусоидат  намуда, ин санад, ҳамчунин, омили муҳимми таҳкими сулҳу субот дар минтақа — Осиёи Марказӣ хоҳад гардид.

«Мо таъкид кардем, ки соҳаҳои тиҷорату иқтисод аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини муносибатҳои дуҷонибаи мо боқӣ мемонанд. Маҷмӯи масъалаҳоеро, ки ба тавсеаи босифати робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ равона гардидаанд, баррасӣ намуда, дар ин замина қарорҳои дахлдор қабул кардем»,-хотирнишон намуданд Пешвои миллат.

Ёдовар мешавем, ки 18 апрел пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.

Дар маҷмуъ аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ 28 санад ба имзо расид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Аҳдномаи ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон имзо гузоштанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Апрель 19, 2024 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд