Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд.
Зимни вохӯрии самимӣ натиҷаҳои мулоқоту музокирот, ки дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироӣ ва меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори сипос намуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои ташрифи расмӣ ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ дар доираи ин сафар барои таъмиқи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои ҳамкории барои ду давлат судовар табодули андеша намуданд.









Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода якчанд иншооти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Ноқили Турсунзода»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор якчанд иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор бинои Муассисаи томактабии «Сафия»-ро мавриди истифода қарор доданд






