Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

Апрель 19, 2024 15:12

ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҷонибҳо натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистонро барои таҳкими шарикии стратегӣ дар оянда муҳим арзёбӣ намуда, омодагии ҳардуҷонибро ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок ва мавриди тавваҷуҳ изҳор доштанд.

Робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар чаҳорчӯби кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон самарабахш арзёбӣ шуд.

Дар доираи фаъолияти минбаъдаи комиссия истифодаи пурраи имконият ва захираҳо барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сармоягузорию тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва фарҳанг, муҳимияти таъмини афзоиши гардиши мол, рушди тиҷорати фаромарзӣ ва инфрасохтори тиҷоратӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, электротехника, истихроҷи маъдан, нассоҷию дорусозӣ ва истифодаи пурраи иқтидору имконияти минтақаҳои ду давлат таъкид гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 19, 2024 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ироқ мулоқот намуд
Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бюрои рушди иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ Космос Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд