Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 20.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел дар кинотеатри «Ватан» маросими ҷамъбасти Рӯзҳои синамои узбек дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» -и коргардон М. Матчанов хотимабахши Рӯзҳои синамои узбек гардида, алоқамандони синамо ба маҳсули эҷодии синамогарони узбек аз наздик ошноӣ пайдо намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.
Таъкид гардид, ки Рӯзҳои синамои узбек дар Тоҷикистон дар фазои дӯстӣ ва сулҳу суббот дар сатҳи муносиб доир гардида, омили асосии рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи синамо ва фарҳанг мебошад.
Изҳори итминон карда шуд, ки омили қаробати халқҳои тоҷику узбек фаъолияти якҷоя дар фазои фарҳангии муштарак зиндагӣ кардан мебошад.
Дар идома ба хотири қадрдонию меҳмоннавозӣ ба ҳайати меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Синамогарони узбек бобати дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзҳои синамои узбек ба мардуми меҳмоннавози тоҷик ва ба роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 20 апрел дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон баргузор гардиданд. Рӯзҳои синамои Узбекистон ба таври расмӣ 16 апрел дар кинотеатри «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе бо намоиши филми ҳунарии «Абдулло Орифов» ифтитоҳ шуд. Тибқи барнома, филмҳои Узбекистон дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб намоиш дода шуданд.
17 апрел дар кинотеатри «Ватан» намоиши филми ҳунарии «Ситораи Улуғбек», ки дар он Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи нишони «Ситораи Президенти Тоҷикистон» ва унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» Ҳошим Гадоев нақш офаридааст, манзури мухлисону ҳаводорони ин ҳунарпешаи асил гардонида шуд.
Дар доираи ин рӯзҳо дар кинотеатрҳои шаҳри Душанбе ва коху қасрҳои фарҳанги шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб барои алоқамандони синамо филмҳои ҳунарии «Абдулло Орифов», «Судя», «Таҳаввулот» ва «Зинда бод ҳамсар!» намоиш дода шуданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Муассисаи «Тоҷикфилм»








Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид






