Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 30.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ин созмони бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Меҳвари асосии вохӯриро масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба оид ба рушди нақлиёти шаҳрӣ, барномаҳои сармоягузорӣ ва афзоиши иқтидори шаҳр, фароҳамсозии шароит баҳри бунёди ояндаи беҳтару устувор барои шаҳри Душанбе ва сокинони он, сохтмони роҳу эстокадаҳо ва дигар самтҳои барои ҳарду ҷониб муфид ташкил дод.
Раиси шаҳри Душанбе ва Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамчунин мавзуъҳои марбут ба ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро дар самти татбиқи босамари лоиҳаҳои нав баррасӣ намуданд. Иштирокчиёни вохӯрӣ қарор доданд, ки минбаъд низ ҳамкории баҳри ҳарду ҷониб муфидро дар соҳаҳои барои тарафайн мусоид идома дода, лоиҳаҳои нави муштаракро амалӣ намоянд.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима шуданд.
АКС: Шуъбаи иттилотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад
Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд






