Рамзи Соли маърифати ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои банди 3-и «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҳамзамон тибқи ин фармоиш ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар тавсия дода шудааст, ки барои ба таври васеъ истифода ва тарғибу ташвиқ намудан, аз ҷумла баҳри дар сомонаи расмӣ, шабакаҳои иҷтимоии дигар, ҷойҳои ҷамъиятӣ, биноҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар ҷойгир намудани рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» намуди доирашакл дошта, гирдогирди рамзро хати доирашакли сабз фаро гирифтааст, ки нишонаи сарсабзию шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад.
Дар гирди қисми болои рамз бо забони тоҷикӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ки ифодагари моҳияти рамз мебошад, навишта шуда, дар қисми поёни он рамзи шараф – шохи баргдори дарахти лавр бо тасмаи серахаи печида, ки ифодакунандаи рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҷой гирифтааст.
Дар маркази доира ҷузъиёти асосии рамз – китоби кушода, офтоби оламоро ва тоҷдасти шоҳӣ ҷой дода шудаанд. Китоби кушода таҷассумкунандаи манбаи дониш, Конститутсия ва қонун, таълиму тарбия ва хирад, офтоби оламоро – рамзи нур, гармӣ, шифо, саховатмандӣ ва тоҷдасти шоҳӣ бо тасвири нимдавраи офтобӣ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзи ваҳдати миллӣ, иқтидори давлат ва роҳнамою равшанидиҳанда мебошад.
Дар қисми поёни маркази доира рақами «2024» нишон дода шудааст.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






