Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон муроҷиатҳоро тавассути суроғаҳои электронӣ қабул менамояд
ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар доираи Барномаи давлатии ислоҳоти милитсия баҳри амалӣ намудани ҳамкории зич бо аҳолӣ вобаста ба баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, аз байн бурдани зуҳуроти халалдоркунандаи тартиботу оромии ҷомеа, ҳамчунин сари вақт ва воқеӣ баррасӣ намудани арзу дархост ва пешниҳоду муроҷиатҳои шаҳрвандон қабули «Муроҷиати электронӣ»-ро тавассути суроғаҳои электронии ин раёсат амалӣ намуд. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Шаҳрвандон, сокинону меҳмонони вилояти Хатлон ва ҳамватанони бурунмарзӣ метавонанд арзу дархост ва пешниҳоду муроҷиатҳояшонро вобаста ба ҳолатҳои поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳояшон, дучор гардидан бо ҳолатҳои ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои ба муқобили амнияти давлат равонагардидаи террористиву экстремистӣ, баргардонидани аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористӣ аз хориҷи мамлакат, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ишғоли ғайриқонунии замин, вайронкунии Қоидаҳои ҳаркати роҳ ва қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат, вайронкунии Қоидаҳои ҷоришуда вобаста ба одоби шаҳрнишинӣ, аз қабили партофтани партовҳо дар ҷойҳои муқаррарнашуда ва ҳифзи санитарию гигиении аҳолӣ ба таври фаврӣ тариқи суроғаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баён намоянд.
Суроғаҳои электронӣ:
Саҳифаи расмии Раёсат дар Facebook: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон
Саҳифаи расмии Раёсат дар Instagram: khatlonpolice.tj
Почтаи электронӣ: khatlonpolice.tj@list.ru
Рақами Раёсат дар WhatsApp +992 551 12 02 02
Телефони боварии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: 8322 2 13 13
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






