Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон муроҷиатҳоро тавассути суроғаҳои электронӣ қабул менамояд

Апрель 2, 2024 18:38

ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар доираи Барномаи давлатии ислоҳоти милитсия баҳри амалӣ намудани ҳамкории зич бо аҳолӣ вобаста ба баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, аз байн бурдани зуҳуроти  халалдоркунандаи тартиботу оромии ҷомеа, ҳамчунин сари вақт ва воқеӣ баррасӣ намудани арзу дархост ва пешниҳоду муроҷиатҳои шаҳрвандон қабули «Муроҷиати электронӣ»-ро тавассути суроғаҳои электронии ин раёсат амалӣ намуд. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Шаҳрвандон, сокинону меҳмонони вилояти Хатлон ва ҳамватанони бурунмарзӣ метавонанд арзу дархост ва пешниҳоду муроҷиатҳояшонро вобаста ба ҳолатҳои поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳояшон, дучор гардидан бо ҳолатҳои ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои ба муқобили амнияти давлат равонагардидаи террористиву экстремистӣ, баргардонидани аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористӣ аз хориҷи мамлакат, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ишғоли ғайриқонунии замин, вайронкунии Қоидаҳои ҳаркати роҳ ва қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат, вайронкунии Қоидаҳои ҷоришуда вобаста ба одоби шаҳрнишинӣ, аз қабили партофтани партовҳо дар ҷойҳои муқаррарнашуда ва ҳифзи санитарию гигиении аҳолӣ ба таври фаврӣ тариқи суроғаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баён намоянд.

Суроғаҳои электронӣ:

Саҳифаи расмии Раёсат дар Facebook: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи расмии Раёсат дар Instagram: khatlonpolice.tj

Почтаи электронӣ: khatlonpolice.tj@list.ru

Рақами Раёсат дар WhatsApp +992 551 12 02 02

Телефони боварии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: 8322 2 13 13

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон

Апрель 2, 2024 18:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст