Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд

Апрель 18, 2024 15:20

ДУШАНБЕ, 18.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.

Дар маҷмуъ аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ 28 санад ба имзо расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Аҳдномаи ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон имзо гузоштанд.

Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо аз тарафи намояндагони ҳайатҳои расмӣ табодули санадҳои нави имзошуда доир гардид.

Аз ҷумла, ҷиҳати рушди муносибатҳои байни минтақавии ду мамлакат 6 созишнома оид ба ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлону Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилоятҳои Хоразм, Фарғона, Сирдарё, Намангон ва Андиҷони Ҷумҳурии Узбекистон ба имзо расид.

Созишномаҳо, протокол, ёддошти тафоҳум, харитаи роҳ ва барномаҳои ҳамкорие, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, рушду густариши ҳамкориро дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб муҳиму афзалиятноки сарҳад, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, саноат, алоқаи ҳавоӣ, алоқаи байналмилалии автомобилӣ, сохтмони пул, комплекси агросаноатӣ, байторӣ ва бехатарии озуқаворӣ, фарҳанг, китобдорӣ, тайёр кардани кадрҳо дар соҳаҳои вирусология, микробиология, биологияи молекулавӣ, эпидемиология, биотехнология ва фармакология, аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ, сайёҳӣ ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзиро танзим менамояд.

Бо итминон метавон гуфт, ки санадҳои нави имзошуда заминаи ҳуқуқии самтҳои гуногуни ҳамкории бисёрҷанбаи ду ҷумҳуриро ба таври назаррас таҳким мебахшанд.

Баъди анҷоми маросими имзои санадҳо Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олиро барои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамҷаворӣ неку назаррас арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ба имзо расидани шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ, ба хусус, Аҳдномаи ҳампаймонӣ миёни ду кишвари ҳамсоя барои густариши бесобиқаи робитаҳо роҳи васеъ боз менамояд.

Маросими табодули санадҳои имзошуда миёни Тоҷикистону Узбекистон 18.04.2024

Апрель 18, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектеновро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд
Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд