Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст

Апрель 24, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 апрели соли равон дар машварати корӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд таъкид намуданд, ки бинобар омилҳои пешгӯинашаванда, бахусус тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он соли 2024 ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи таъминот бо маводи ғизоӣ нисбат ба солҳои гузашта бо вазъияти боз ҳам мушкилу вазнинтар рӯ ба рӯ мегардад. Чунин ҳолат моро водор месозад, ки дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҳар як оила сар карда, то муассисаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагиву корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем». Дар ҳақиқат, ин дастури Сарвари давлат тақозои замон буда, аз ҳар як фарди мамлакат масъулияти баланро тақозо менамояд. Чунин изҳор намудааст сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод Эркин ДОСТИЕВ дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст. Матни пурраи мақолаи мазкур дар зер оварда мешавад.

— Тибқи иттилои ниҳоди дахлдори Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз дар тамоми сайёра таъминот бо неруи барқ қаноатбахш нест. Дар баробари ин, дар тамоми ҷаҳон сол то сол талабот ба неруи барқ меафзояд. Ин суръат ба дараҷае баланд аст, ки ба ақидаи нависанда А. Кларк, мумкин аст ояндаи наздик «киловатт.соат» ба асъори ягонаи байналмилалӣ табдил ёбад.

Дар ин маврид коршиносони байналмилалӣ ду воситаи аз ин норасоӣ раҳоӣ ёфтанро пешниҳод намудаанд, ки нишондоди якум- афзун кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ, яъне сохтмони неругоҳҳои нави барқӣ ва дигар манбаъҳои энергетикӣ, инчунин таҷдиди воситаҳои мавҷуда, воситаи дуюм — кам кардани истифода ё худ сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ мебошанд.

Дар Тоҷикистон доир ба нишондоди аввал дар солҳои соҳибистиқлолӣ тадбирҳои беназире рӯи кор омаданд. Аз ҷумла, дар чанд соли охир дар ниҳоди энергетикии мамлакат таҳаввулоти калон ба амал омад. Вобаста ба таваҷҷуҳи хоси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи энергетика, дар ин давра дар ҷумҳурӣ неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», Маркази дуюми барқу гармии шаҳри Душанбе, ду агрегати Неругоҳи барқи обии Роғун, даҳҳо неругоҳҳои хурди барқи обӣ ба истифода дода шуданд. Дар чанд соли охир дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии Норак, Қайроққум ва Сарбанд ва ғайраҳо амалӣ гардида истодаанд.Ҳамчунин ҷиҳати бунёди неругоҳҳои бодию офтобӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Бояд гуфт, ки ба мушкилоти мавҷуда нигоҳ накарда, ҷумҳурии мо бе ворид намудани барқ аз ягон давлати дигар, пурра бо неруи барқи истеҳсоли худӣ таъмин карда мешавад, ки ин муваффақияти назаррас ва натиҷаи босамари сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Вале дар баробари ин, вобаста ба афзудани шумораи аҳолӣ, пешрафти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат талабот ба неруи барқ низ афзоиш меёбад.

Ҳамаи ин тақозо менамояд, ки дар истифодаи барқ бояд сарфакор ва боинсоф бошем. Аз дигар тараф, ҳам аз назари мантиқӣ ва ҳам аз назари иқтисодӣ, роҳи дуюм – сарфакорона истифода бурдани неру – наздиктар, осонтар ва арзонтар аст. Ба он хотир, ки барои сохтмони иқтидорҳои нав қувва, маблағ, вақт лозим меояд. Вақт ба фоидаи мо нест, чунки иқтидорҳо дар як солу ду сол сохта намешаванд ва аз дараҷаи афзоиши талабот қафо мемонанд. Аз ин рӯ, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст.

Тавре Пешвои миллат таъкид менамоянд, аз барқ сарфакорона истифода бурдан на танҳо дар зимистон, балки дар тобистон низ зарур аст. Дар ин ҷо бамарид аст аз гуфтаҳои Сарвари давлат иқтибос оварем: «Мо бояд ба маданияти истифода ва сарфакоронаи неруи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо чунин маданияти энергетикиро дар мактабҳо аз синни хурдсолӣ тарғиб менамоянд».

Баъзан ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки аз беаҳамиятии сокинон бе ягон зарурат, рӯзона чароғи хонаҳо фурӯзон нигоҳ дошта мешаванд ва ё ҳанӯз ҳам дар баъзе хонаводаҳо ба ҷойи лампаҳои каммасраф аз фурӯзонакҳои сермасрафи манъшуда истифода мебаранд. Баъзе аз муштариён маблағи барқи истифода бурдаашонро сари вақт пардохт намекунанд. Аз ҷониби масъулони мақомоти салоҳиятдор ҳолатҳои аз нерӯи барқ ғайриқонунӣ истифода бурдани баъзе ашхос низ зиёд ошкор мегардад.

Муштариён бояд аз барқ сарфакорона истифода баранд ва маблағи барқи истифода бурдаашонро сари вақт пардохт намоянд. Дар ин маврид ҳам буҷети оила фоида мебарад ва ҳам неруи барқ беҳуда сарф намегардад. Барқ маҳсулот аст ва ягон маҳсулот ройгон ба даст намеояд. Аз ин рӯ, пардохти ҳаққи барқ нишонаи маданияти баланд ва аз гӯшаи виҷдони ҳар инсон аст.

Ҳамаи мо бояд як масъаларо дар назар дошта бошем, ки агар имрӯз неруи барқро сарфакорона истифода барем ва дар обанбор ҳаҷми зарурии об захира намоем, метавонем фасли зимистонро бе мушкиливу сахтӣ паси сар кунем.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 24, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст