Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
ДУШАНБЕ, 09.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки мардуми мо баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» моҳият ва манфиати онро дуруст дарк намуданд.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки имрӯз маблағҳои сарфашудаи шаҳрвандон барои беҳтар намудани шароити зиндагӣ, бунёду обод гардонидани манзилҳои истиқоматӣ ва дигар амалҳои хайр равона мешаванд.
Ба таъкиди Президенти мамлакат, гузашти вақт ва аз ҷониби дигар, торафт мураккабу мушкил гардидани вазъи таъминоти мардуми сайёра бо маводи ғизоӣ, оқибатҳои тағйирёбии иқлим – камобиву хушксолӣ дар аксари минтақаҳои олам, аз ҷумла дар Тоҷикистон дурустии иқдоми дар ин самт андешидаро нишон медиҳанд.
«Ҳамватанони азизи мо қаҳтиву гуруснагии солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хуб дар хотир доранд, — ёдовар шуданд Сарвари давлат ва ҳар оила ва тамоми сокинони мамлакатро даъват намуданд, ки дар баргузории маросиму маъракаҳо, аз ҷумла дар рӯзҳои ид ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ роҳ надиҳанд ва дар фикри аҳли оилаву фарзандони худ бошанд».
Пешвои миллат тазаккур доданд, ки ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ бояд кӯшиш намоем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем, онҳоро бо ғизои босифат, сару либос ва асбобу ашёи хониш таъмин намоем, дар андешаи боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва захираи маводи ғизоӣ барои аҳли оилаамон бошем.
АКС аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






