Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд

Апрель 9, 2024 09:12

ДУШАНБЕ, 09.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки мардуми мо баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» моҳият ва манфиати онро дуруст дарк намуданд.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки имрӯз маблағҳои сарфашудаи шаҳрвандон барои беҳтар намудани шароити зиндагӣ, бунёду обод гардонидани манзилҳои истиқоматӣ ва дигар амалҳои хайр равона мешаванд.

Ба таъкиди Президенти мамлакат, гузашти вақт ва аз ҷониби дигар, торафт мураккабу мушкил гардидани вазъи таъминоти мардуми сайёра бо маводи ғизоӣ, оқибатҳои тағйирёбии иқлим – камобиву хушксолӣ дар аксари минтақаҳои олам, аз ҷумла дар Тоҷикистон дурустии иқдоми дар ин самт андешидаро нишон медиҳанд.

«Ҳамватанони азизи мо қаҳтиву гуруснагии солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хуб дар хотир доранд, — ёдовар шуданд Сарвари давлат ва ҳар оила ва тамоми сокинони мамлакатро даъват намуданд, ки дар баргузории маросиму маъракаҳо, аз ҷумла дар рӯзҳои ид ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ роҳ надиҳанд ва дар фикри аҳли оилаву фарзандони худ бошанд».

Пешвои миллат  тазаккур доданд, ки ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ бояд кӯшиш намоем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем, онҳоро бо ғизои босифат, сару либос ва асбобу ашёи хониш таъмин намоем, дар андешаи боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва захираи маводи ғизоӣ барои аҳли оилаамон бошем.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 9, 2024 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид