Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»

Апрель 19, 2024 15:35

ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон барои Узбекистон  аз азал наздиктарин шарики стратегии боэътимод ва содиқ ба шумор меравад. Дӯстии халқҳои бародари узбеку тоҷик бо робитаҳои мустаҳками чандинасра пайваст мебошанд. Моро таърих, арзишҳои фарҳангӣ ва маънавӣ, анъанаҳо ва урфу одатҳои муштарак ба ҳам наздик менамоянд», — чунин изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баъд аз мулоқот ва музокироти сатҳи олӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки дар ҷаҳони ноустувор ва ноором, дар шароити торафт афзудаистодаи зиддият ва фишори афзояндаи берунӣ Узбекистон минбаъд низ китф ба китф дар паҳлуи Тоҷикистон меистад ва саъю кӯшиши самимонаи мардуми шариф ва меҳнаткаши тоҷикро дастгирӣ менамояд».

Инчунин Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ишора намуданд, ки «итминон дорам, ки дӯстӣ ва ҳамкории зичи халқҳои мо, ки ҳазорсолаҳо  боз  аз як дарё об нӯшида, дар файзу баракати рӯзгор шарик буданд, душвориҳоро якҷоя бартараф ва мушкилотро якҷоя ҳал карда буданд, абадию вайроннашаванда боқӣ мемонад. Чунон ки дар зарбулмасали хирадмандонаи тоҷикӣ гуфта шудааст: «Дӯстони вафодор беҳ аз хешовандон мебошанд».

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»

Апрель 19, 2024 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»