Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон барои Узбекистон аз азал наздиктарин шарики стратегии боэътимод ва содиқ ба шумор меравад. Дӯстии халқҳои бародари узбеку тоҷик бо робитаҳои мустаҳками чандинасра пайваст мебошанд. Моро таърих, арзишҳои фарҳангӣ ва маънавӣ, анъанаҳо ва урфу одатҳои муштарак ба ҳам наздик менамоянд», — чунин изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баъд аз мулоқот ва музокироти сатҳи олӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки дар ҷаҳони ноустувор ва ноором, дар шароити торафт афзудаистодаи зиддият ва фишори афзояндаи берунӣ Узбекистон минбаъд низ китф ба китф дар паҳлуи Тоҷикистон меистад ва саъю кӯшиши самимонаи мардуми шариф ва меҳнаткаши тоҷикро дастгирӣ менамояд».
Инчунин Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ишора намуданд, ки «итминон дорам, ки дӯстӣ ва ҳамкории зичи халқҳои мо, ки ҳазорсолаҳо боз аз як дарё об нӯшида, дар файзу баракати рӯзгор шарик буданд, душвориҳоро якҷоя бартараф ва мушкилотро якҷоя ҳал карда буданд, абадию вайроннашаванда боқӣ мемонад. Чунон ки дар зарбулмасали хирадмандонаи тоҷикӣ гуфта шудааст: «Дӯстони вафодор беҳ аз хешовандон мебошанд».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






