Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи пойтахт бо ташкили вохӯрии сокинони Душанбе бо кайҳоннаварди рус Петр Дубров туҳфаҳо тақдим намуд. Меҳмонони «Академияи МегаФон» ва инчунин хонандагони мактаби Русияву Тоҷикистон ба номи Ю.А.Гагарин тавонистанд дар бораи ҳаёт дар бевазнӣ маълумот гиранд.
Петр Дубров дар байни русҳо аз рӯи давомнокии ҳузури муттасил дар Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ рекорд гузошта, он ҷо 355 шабонарӯз қарор дошт. Дар ин муддат ӯ чор маротиба ба фазои кайҳонӣ баромада, дар кори банаворгирии филми бадеии «Вызов» иштирок намудааст.
«Замини мо аз кайҳон ҳар рӯз дар шакли гуногун ба назар мерасад. Ин манзараи аҷибест, ки шахсро дилгир карда наметавонад!»,- иброз дошт таассуроташро Қаҳрамони Русия ба иштирокчиёни вохӯриҳо. Душанбегиҳо фаҳмиданд, ки кайҳоннавардон чӣ тавр омода карда мешаванд ва худи Пётр Дубров, ки аз рӯи ихтисос муҳандис-барномасоз аст, чӣ гуна кайҳоннавард шуда тавонист.
Аксарият ба ҳаёту будубоши кайҳоннавардон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Пётр Дубров нақл кард, ки чӣ тавр дар Соли нав тайёр кардани хӯриши лазиз бо моҳӣ дар коинот душвор буд, бошандагони Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ дар шароити набудани ҷозиба чӣ гуна ҳолати ҷисмонии худро нигоҳ медоранд, сайёҳони кайҳониро чӣ тавр пешвоз мегиранд. Кайҳоннавард бо камоли майл ба саволҳои ҳозирин посух дод ва дар охири ҳар вохӯрӣ ба муаллифони саволҳои беҳтарин аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» туҳфаҳо тақдим карда шуданд.
«Дар шарҳи ҳоли Петр Дубров технологияҳои олӣ бо талош ба баландиҳои кайҳонӣ омезиш ёфтааст. Ин ба фалсафаи ширкати мо наздик аст, бинобар ин мо заррае ҳам шубҳа накардем: Пётр Дубров маҳз ҳамон шахсест, ки ӯро ба ҷашнвораи пойтахти Тоҷикистон даъват кардан лозим аст. Вохӯрӣ бо кайҳоннаварди машҳур таҷрибаи нодир аст. Итминон дорам, ки сокинони Душанбе ин туҳфаи моро пас аз солҳои зиёд бо самимият ба хотир меоранд», — мегӯяд директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»









Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






