Шоми имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон пас аз иштирок дар Ҷоми Осиё-2024 ба Ватан бармегардад
ДУШАНБЕ, 29.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов, ки дар Ҷоми Осиё-2024 бомуваффақият баромад намуд, ба Ватан бармегардад. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон соати 18:00 вориди шаҳри Душанбе мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё – 2024 ҳунарнамоии арзанда нишон дода, ба дастовардҳои таърихӣ ноил гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми Осиё-2024 дар шаҳри Бангкок дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш вохӯрӣ анҷом дод. Футзалбозони мамлакат дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа бар дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, инчунин бо дастаҳои мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби мусовии 2:2 ва Ҷопон 1:1 бозӣ намуданд. Дар даври чорякниҳоӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 2:1 ғолиб шуда, дар даври ниманиҳоӣ аз мизбони Ҷоми Осиё-2024 — дастаи мунтаби Тайиланд (вақти асосӣ – 3:3) дар силсилазарбаҳои пеналти бо ҳисоби 5:6 шикаст хӯрд.
Ҳамчунин 28 апрел дар шаҳри Бангкок дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Узбекистон рақобат намуд. Вохӯрии дастаҳо дар маҷмааи варзишии «Бангкок Арена» баргузор шуда, ба фоидаи дастаи мунтахаби Узбекистон анҷом ёфт.
Шогирдони Пайрав Воҳидов тавонистанд бо рафтан ба марҳилаи нимниҳоии мусобиқаи Ҷоми Осиё – 2024 ба мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал роҳ ёбанд. Ин натиҷа давоми фаъолияти дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал буд.
Футзалбозони мо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал-2024, ки аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад, иштирок карда, баҳри ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ бо ҳарифонашон рақобат мекунанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






