Соҳибкорони Тоҷикистон ва Италия ба маблағи зиёда аз 160 миллион доллари амрикоӣ санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия дар шаҳри Рим Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Италия таҳти унвони «Муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Италия» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур муаррифии зарфият ва имконияти сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва дар ин замина густариши ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ тавассути ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак ба ҳисоб меравад.
Дар чорабинӣ беш аз 150 ширкат аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарону масъулони вазорату идораҳои давлатӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистону Италия иштирок намуданд.
Форуми сармоягузории Тоҷикистону Италияро корманди масъули Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия Мауро Батуччӣ ифтитоҳ намуд.
Дар Форум имконияти ҳамкории доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони ду давлат дар самтҳои саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасониҳо, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуд.
Аз ҷумла, имконияти сармоягузории Тоҷикистон ва имтиёзҳо дар ин самт аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода, имконияти саноатии мамлакат аз ҷониби Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва имконияти энергетикӣ аз ҷониби Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа муаррифӣ карда шуд.
Дар чорабинӣ муовини Вазири корхонаҳо ва «Истеҳсоли Италия» Валентино Валентинӣ, Президенти Агентии Италия оид ба савдо Матео Зоппас, намояндагони сатҳи баланди САЧЕ Паола Валерио ва СИМЕСТ Франческа Аликата, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти сармоягузориву тиҷоратии Италия зарфияту имкониятҳои сармоягузориро дар Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуданд.
Зимнан роҳбарият ва намояндагони ширкатҳои «ВиБилд» («Webuild») ва «Каррера» («Carrera») аз таҷриба ва фаъолияти ширкатҳои италиявӣ дар Тоҷикистон ба иштирокчиёни Форум маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду давлат дар формати «Соҳибкор бо соҳибкор» ва бахши давлатию хусусии ҳарду ҷониб баргузор гардида, дар доираи онҳо масъалаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ баррасӣ карда шуд.
Иштирокчиёни Форум ба баргузории чорабинии мазкур баҳои баланд дода, ба ифоқа расиданд, ки минбаъд низ чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор менамоянд.
Баргузор намудани чунин чорабиниҳо ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкории дуҷонибаи иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Италия мусоидат менамояд.
Дар маҷмуъ чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуда, дар доираи он ба маблағи зиёда аз 160 миллион доллари амрикоӣ санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Аз ҷумла;
— Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати италиявии «Марзолӣ Мачинез Текстайл СРЛ» ба маблағи 100 миллион Евро;
— Созишнома байни Ширкати ватании «Ғаюр Гурӯҳ» ва Ширкати италиявии «Сакомӣ Имола» («Sacomi Imola S.C.») ҷиҳати бунёди хати истеҳсоли маҳсулоти сафолӣ дар Тоҷикистон, ба маблағи 35 миллион доллари амрикоӣ;
— Созишнома байни Ширкати тоҷикистонии «Гринфудс» ва Ширкати италиявии «Анселмо Имприанти Сирил» («Anselmo Impianti Srl») ҷиҳати ба роҳ мондани хати истеҳсоли макарон, ба маблағи 1 миллиону 778 ҳазор Евро;
— Созишномаи ҳамкорӣ байни Ширкати Апрелевкаи Тоҷикистон ва Ширкати италиявии «Евро машине» ба маблағи тақрибан 2 миллион доллар барои таҷҳизоти коркарди металҳои қимматбаҳо;
— Созишнома байни ҶСК «Фулузоти нодири Тоҷикистон» ва Ширкати италиёвии «БТТ Импиантӣ» оид ба воридот кардани таҷҳизоти муосир барои азнавсозии дастгоҳҳои холискории тилло ва нуқра;
— Ёддошти тафоҳум байни Ширкати тоҷикистонии «Хубҷамъ Инвест» ва Ширкати италиёвии «Фава Сошиета Пер Азионӣ» (Fava Societa Per Azioni) ҷиҳати ба роҳ мондани хати истеҳсоли макарон, ба маблағи 7 миллион доллари амрикоӣ.
— Ёддошти тафоҳум байни Ширкати холдингии «Ёқут-2000», Ширкатҳои италиявии «Кастел Сирил» ва «Проф сирил» оид ба бунёди корхонаҳои мебелсозӣ дар Тоҷикистон.
Ҳамчунин 23 апрел дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Италия байни ноиби Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон ва роҳбарияти Федератсия Футболи Италия Протоколи ҳамкорӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии мураббиёни футболи тоҷик ва омӯзиши футболбозони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар академияҳои футболи Италия ба имзо расид.
АКС: АМИТ «Ховар»






































Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд






