СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Имсол дар вилояти Суғд ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 28.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар вилояти Суғд ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2 ҳазору 800 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин хусус зимни ҷаласаи корӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 3 моҳи соли 2024 иттилоъ дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, давоми се моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 6 млрд.84 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо нархҳои амалкунанда 106 фоиз таъмин гардидааст.
Дар ин давра суръати афзоиши намудҳои асосии маҳсулот таъмин гардида, ба миқдори 91 ҳазору 202 тонна орд, 1745 тонна равғани растанӣ, 12 ҳазору 149 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 3 млн. 323 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 3 млн. 557 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт ва 3 млн. 348 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои меваю сабзавот истеҳсол карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли орд 122 фоиз, равғани растанӣ 103 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 140 фоиз, консерваҳо 2 баробар, нӯшокиҳои беспирт 1,6 баробар ва консерваҳои меваю сабзавот 2 баробар таъмин гардидааст.
Гуфта шуд, ки дар моҳҳои январ-марти соли 2024 дар вилоят ба миқдори 303 ҳазор тонна семент ва 226 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шудааст.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми се моҳи соли 2024 дар миқёси вилоят 39 корхонаву коргоҳи нав бо 246 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуд.
Корхонаҳои навтаъсис асосан корхонаҳои соҳаи саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хўрокворӣ ва сабукро дар бар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён ба сохтмони корхонаи нави семент санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти се коргоҳи нави истеҳсолии ҶДММ «Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба фаъолияти корхонаи истеҳсолии «Хишти диёр» оғоз бахшиданд
Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Фландрияи Шоҳигарии Белгия ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш медиҳанд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Раиси вилояти Гулистони Эрон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд






