СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Зимни гузаронидани ҳашари «Тозагии ҳаво» зиёда аз 1900 нақлиёти ифлос сабт шуд

Апрель 14, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи якуми соли 2024 зимни гузаронидани ҳашари «Тозагии ҳаво» аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ва шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1904 ҳолати ҳаракати нақлиёти ифлос, 57 ҳолати пошхӯрии бор дар нақлиёт ва ҳаракати нақлиёти ифлос дар роҳҳо сабт шуда, ронандагони воситаҳои нақлиёт ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе хабар доданд, бо мақсади амалишавии қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи Соли маърифати экологӣ эълон намудани соли 2024 дар ҳамкории муштарак бо шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе давоми 3 моҳ барои пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар самти муҳити зист, махсусан ҳифзи ҳавои атмосфера, таъмини тозагии роҳҳо, коҳиш додани партоиши партовҳо ба атмосфера, покизагии муҳити зист аз партовҳо якчанд чорабиниҳо гузаронида шуданд.

Дар даромадгоҳи чор дарвозаи ба пойтахт воридшаванда нозирони шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, бо дастгоҳҳои махсус заҳрнокии партови сӯзишвории (СО2) воситаҳои нақлиётро мавриди ташхис қарор дода, 994 ҳолати қонуншиканиро сабт намуданд.

Давоми се моҳи имсол аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳӣ ба миқдори 902 килограмм моҳӣ мусодира гашта, нисбат ба шаҳрвандон санади маъмурӣ тартиб дода шуд.

Баҳри тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, махсусан дар соҳили дарёҳо назорати давлатӣ пурзӯр гашта, бо дастрасии моддаи 177 нисбат ба қонуншиканиҳои ошкоргашта 23 санади маъмурӣ тартиб дода шуд.

АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе

 

Апрель 14, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд