СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 дар мавзуи «Терроризм ҳамчун омили таҳдидкунандаи пойдории давлатҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд, ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд.
Ҳадафи эълон намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, муносибати шаҳрвандон нисбат ба ҳуқуқ ва қонун, иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ, риояи якхелаи қонунҳо, иҷрои уҳдадориҳо дар назди давлат, ҷамъият, коҳиш додани ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ ва пешгирии ҷинояту қонуншикӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, бояд ҳамагон дар риояи қонун ва иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ пешгом бошем.
Терроризм ва экстремизм махсусан дар даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ оварда, монеи ташаккули фазои орому осоишта дар ҷаҳони муосир гаштаанд. Аз ин рӯ, тамоми мамлакатҳои мутамаддини ҷаҳон имрӯз ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок бархоста, бар зидди он муташаккилона мубориза мебаранд.
Дар ҷаласаи пленарӣ дар мавзуъҳои «Паҳншавии вабои аср – терроризм ва экстремизм ва роҳҳои пешгирии он», «Ифротгароии динӣ ҳамчун таҳдиди сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ», «Таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ба ҳам бархӯрдани манфиатҳои абарқудратҳо ҳамчун сарчашмаи пайдоиши экстремизми динӣ», «Экстремизм ва терроризм: умумият ва фарқияти онҳо» ва «Асосҳои ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ» маърузаҳои пуромуҳтаво пешниҳод гардид.
Конфронси ҷумҳуриявӣ дар се бахш идома ёфта, роҳу усулҳои мубориза бо ин вабои аср дар меҳвари мақолаҳои конфронс қарор мегирад, ки он баъдан дар шакли маҷмуаи алоҳида ба нашр мерасад.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






