СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид

Апрель 23, 2024 11:16

ДУШАНБЕ, 23.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандӣ ва соҳаи моликияти зеҳнӣ» машварат доир гардид, ки он ба  Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 бахшида шуд,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин муассиса.

Дар машварат гуфта шуд, ки маърифати ҳуқуқӣ мафҳуми дар назари аввал мураккаб буда, дар асл моҳият, дарк ва фаҳмиши он мушкилӣ надорад — он иҷрои амалҳои ҳаррӯзаи ҳар шахс- шуруъ аз сокини муқаррарӣ то масъули сатҳи гуногуни роҳбариро дар доираи қоидаҳо, қонунҳо, инчунин риояи меъёрҳои умумибашарии қабулшуда талаб менамояд.

Дар идомаи моддаи 1-и  Конститутсия, баъд аз таъкиди он ки Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, чунин омадааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».

Давоми 30 соле, ки Конститутсия бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати мамлакат тамоми қонунҳои зарурӣ барои фароҳам овардани шароит баҳри зиндагии боэътибор, шоиста ва арзандаи ҳар сокини мамлакат қабул шуда, дар ҳолати зарурӣ ба қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Зиёда аз ин бо назардошти рушду инкишоф ва пешрафти ҷомеа роҳбарияти олии мамлакат бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ тадбирҳои заруриро дар доираи Конститутсия амалӣ намуданд.

Иброз гардид, ки ҳамоиш бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ташкил карда шуд.

Зимни ҳамоиш аз ҷониби кормандон-ҳуқуқшиносони муассиса оид ба мавзуъҳои мубрами ҳуқуқӣ маърузаҳо пешниҳод ва доир ба онҳо табодули афкор баргузор гардид.

АКС: Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 23, 2024 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд