СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандӣ ва соҳаи моликияти зеҳнӣ» машварат доир гардид, ки он ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 бахшида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин муассиса.
Дар машварат гуфта шуд, ки маърифати ҳуқуқӣ мафҳуми дар назари аввал мураккаб буда, дар асл моҳият, дарк ва фаҳмиши он мушкилӣ надорад — он иҷрои амалҳои ҳаррӯзаи ҳар шахс- шуруъ аз сокини муқаррарӣ то масъули сатҳи гуногуни роҳбариро дар доираи қоидаҳо, қонунҳо, инчунин риояи меъёрҳои умумибашарии қабулшуда талаб менамояд.
Дар идомаи моддаи 1-и Конститутсия, баъд аз таъкиди он ки Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, чунин омадааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
Давоми 30 соле, ки Конститутсия бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати мамлакат тамоми қонунҳои зарурӣ барои фароҳам овардани шароит баҳри зиндагии боэътибор, шоиста ва арзандаи ҳар сокини мамлакат қабул шуда, дар ҳолати зарурӣ ба қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Зиёда аз ин бо назардошти рушду инкишоф ва пешрафти ҷомеа роҳбарияти олии мамлакат бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ тадбирҳои заруриро дар доираи Конститутсия амалӣ намуданд.
Иброз гардид, ки ҳамоиш бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ташкил карда шуд.
Зимни ҳамоиш аз ҷониби кормандон-ҳуқуқшиносони муассиса оид ба мавзуъҳои мубрами ҳуқуқӣ маърузаҳо пешниҳод ва доир ба онҳо табодули афкор баргузор гардид.
АКС: Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
Дар маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»






