СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Озмуни «Иҷрочии беҳтарини сол» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 08.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро озмуни «Иҷрочии беҳтарини сол» ҷамъбаст гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти иҷро хабар доданд, бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ Хадамоти иҷро озмуни «Иҷрочии беҳтарини сол» эълон намуда буд, ки дар ҷамъомад натиҷаҳои он ҷамъбаст гардиданд.
Ҳамин тариқ, ҷойи аввал бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва ҷоиза насиби иҷрочии Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Манучеҳр Ализода, ҷойи дуюм бо маблағи 8 ҳазор сомонӣ ба иҷрочии калони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Саид Хуҷазода ва ҷойи сеюм бо маблағи 6 ҳазор сомонӣ ба иҷрочии шаҳри Левакант Алишер Ғафурзода супорида шуд.
Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода иброз намуд, ки роҳбарият ва кормандони Хадамот аз рӯзҳои аввали таъсис диққати асосиро ба беҳтар намудани иҷрои воқеии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, барқарор намудани зарари ба манфиати давлат, шахсони воқеию ҳуқуқӣ расонида, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон равона намудаанд.
Давоми фаъолият кормандони Хадамот ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ноил гардиданд. Сифати иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, фоизи иҷро назар ба солҳои пешин ба маротиб баланд бардошта шудааст.
Гуфта шуд, ки Хадамоти иҷро дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ низ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар ин давра аз тарафи кормандони мақомот ва гурӯҳи корӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» пас аз 14 сол дар таҳрири нав таҳия гардид, ки он аз моҳи июни соли 2022 мавриди амал қарор дорад. Ғайр аз ин, аз ҷониби кормандони Хадамот дар ин давра зиёда аз 30 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, ки дар айни замон мавриди амал қарор доранд.
Сипас як зумра кормандон бо нишони сарисинагии «Корманди фахрии мақомоти иҷро», Ифтихорнома ва рутбаҳои навбатии дараҷавӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон











«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд






