ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 апрел, чоршанбе, 101-умин рӯзи соли 2024 аст

Апрель 10, 2024 08:00

10 апрели соли 1930  нахустин маротиба  дар пойтахти Тоҷикистон -шаҳри Душанбе, ки он замон Сталинобод ном дошт, радио таъсис ёфт.

***

10 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Маннуэл Баррозу мулоқот намуданд. Зимни ин вохӯрӣ муносиботи ояндаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дорои дурнамои густурда номида шуд.

***

 10 апрели соли 2012 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нуҳуми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Брюссел ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерерро ба ҳузур пазируфтанд.

***

10 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об ба Ҷумҳурии Корея сафар намуданд.

***

10 апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо мири шаҳри вилояти Кёнсан-Пукто Кимом Кваном Йонго мулоқот намуданд. 

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ва бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Фестивал-намоишгоҳи ҳунарҳои бадеии халқӣ баргузор гардид.

***

10 апрели соли 2021 дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд. 

***

10 апрели соли 2023 ҷудочиёни тоҷик дар Ҷоми Осиё байни наврасону ҷавонон соҳиби 5 медал гардиданд.

10 АПРЕЛ:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ.

***

Дар Озарбойҷон — рӯзи сохтмончиён.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: 

Бозгул Додхудоева — соли 1939 — ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ

Апрель 10, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш