Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 09.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири тандурустии Ҷумҳурии Узбекистон Асилбек Худоёров дар Тошканд баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.
Вазири тандурустии Узбекистон омодагиашро ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ бо Тоҷикистон баён намуда, гуфт, ки умед дорад ин ҳамкорӣ беш аз пеш таҳким меёбад.
Дар мулоқот масоили марбут ба доир намудани чорабиниҳои муштарак дар соҳаи тандурустӣ, табодули таҷриба, таъсиси марказу корхонаҳои муштараки дорусозӣ ва фаъол кардани кори хадамоти беҳдоштиву санитарӣ байни ду давлат баррасӣ гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон








Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






