Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкориро дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш тақвият медиҳанд

Апрель 8, 2024 10:42

ДУШАНБЕ, 08.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвият додани ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Дар вохӯрӣ доир ба масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, амалӣ намудани ҳамкорӣ байни мактабҳои варзишии ҳарду давлат, омӯзиши таҷрибаи варзишгарони олимпии Фаронса дар Тоҷикистон ва доир ба омодагии ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 табодули афкор доир шуда, зимни он баргузории чорабиниҳо, тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҳамкориро тақвият бахшида, ба иштироки фаъоли ҷавонону варзишгарони ҳарду давлат дар чорабиниҳои байналмилалие, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Фаронса доир мегарданд, мусоидат намоянд.

АКС: Маркази таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон

Апрель 8, 2024 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд