Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ҷонибҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италияро оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ба имзо расониданд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала ба АМИТ «Ховар» чунин шарҳ дод: «Дар асоси созишномаи баимзорасида шаҳрвандони ҳар яке аз Тарафҳо, ки дорандаи шиносномаҳои дипломатӣ мебошанд, метавонанд ба ҳудуди Тарафи дигар бе дастрасии раводид ба муддати на зиёда аз навад (90) рӯз ворид, хориҷ, ба таври транзитӣ убур ва будубош намоянд. Ин озодкунӣ барои як давраи мувофиқ ё фосилаи навад (90) рӯз дар давоми як саду ҳаштод (180) рӯз аз рӯзи ворид шудан ба ҳудуди Тарафи қабулкунанда эътибор дорад».
Созишномаи мазкур ба муҳлати номуайян баста шуда, баъд аз 30 (сӣ) рӯзи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ дар бораи иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани ин созишнома заруранд, эътибор пайдо менамояд».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст






